БАРҚИЯИ ДОНАЛД ТРАМП ДАР РОБИТА БА ҲАМЛАИ ДАНҒАРА

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи 10 август дар як барқия ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон аз вокуниши фаврии ҳукумати Тоҷикистон дар амри таъқиб ва боздошти қотилони сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ситоиш кард. Доналд Трамп гуфт, ҳукумати Амрико омода аст ба тафтиши ин ҳамлаи ваҳшиёна кумак ва мусоидат кунад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 август президенти Амрико Доналд Трамп ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи хунин алайҳи сайёҳони хориҷӣ дар Данғара барқия фиристода ва дар он аз омодагии кишвараш барои кумак ва мусоидат дар тафтиши он ҳамла хабар додааст.

Дар барқияи Доналд Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон нашр шудааст, дар ин робита гуфта мешавад:


«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ман ба Шумо барои фиристодани номаи тасаллият пас аз ҳамлаи террористии бемантиқ, ки рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди америкоӣ ва ду бегуноҳи дигар фавтиданд, изҳори сипос менамоям.

Ман вокуниши фаврии Ҳукуматро ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам. Ин ҳодиса баёнгари равшани зарурат ба ҳамкории амиқтар ва табодули маълумот байни кишварҳои мо дар оянда мебошад.

Ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳ ғайри қобили қабул аст ва мо бояд барои решакан кардани таҳдидҳои террористӣ нисбат ба ду халқи бузургамон якҷоя амал намоем. Маъмурияти ман барои мусоидат дар тафтиши ин ҳамлаи ваҳшиёна нисбат ба одамон ва тарзи ҳаётамон омода аст.

Мо бояд таҳким бахшидани риштаҳои дӯстии ду халқамонро идома диҳем ва итминон дошта бошем, ки чунин ҳамла дигар такрор нахоҳад шуд».

 

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июл, як рӯз баъди куштори 4 сайёҳ, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико, як шаҳрванди Швейтсария ва як табааи Ҳолланд ба президентҳои Амрикову Швейтсария ва подгоҳи Ҳолланд барқияҳои таслият фиристода, бо изҳори ҳамдардӣ ваъда дода буд, ки ҳукумати Тоҷикистон омилони он ҳамларо ба ҷавобгарӣ хоҳад кашонд.

Рӯзи 29 июл, соати тахминан 15:30 ҳамлагарон бо як мошини рангаш сиёҳи "Дэу Лагенза” дар роҳи Кӯлоб – Душанбе дар рӯбарӯи деҳаи Сафобахш (собиқ Ёхсу)-и ноҳияи Данғара гуруҳи сайёҳони велосипедсаворро, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштанд, пахш карданд. Сипас ҳамлагарон аз мошин фаромада, бо корд ба сайёҳон ҳамла карданд.

 

 

Дар натиҷаи ин ҳамла 4 сайёҳ - шаҳрвандони Амрико Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рен Виллем ва Маркус Ҳамел аз Швейтсария кушта шуда ва ду нафари дигар - Ким Айрис шаҳрванди Ҳолландва Дименд Мари Клер шаҳрванди Швейтсария - захмӣ шуданд. Дар ин ҳамла танҳо сайёҳи фаронсавӣ Казабат Гуиллаюм Ҷеан, ки аз ҳамроҳони худ каме ақиб монда буд, осеб надидааст.

Мошини дар ин ҳамла истифодашударо алакай шоми ҳамон рӯзи 29 июл дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара пайдо карданд. Ҳангоми амалиёти боздошт дар Торбулоқ Аслиддин Юсупов, сокини 26-солаи шаҳри Норак, ки бо табар муовини сардори УБОП Ҷумъахон Назарзодаро аз баногӯшаш захмӣ кард, кушта шуда, Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи Душанбе дастгир шуд. Ҳусейн Абдусамадов, тавре баъдан маълум шуд, роҳбари ин гуруҳи ҳамлагар будааст.

Рӯзи 30 июл мақомот ду сокини шаҳри Кӯлоб, як сокини Норак ва як сокини ноҳияи Ҷайҳунро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастгир карда, се гумонбари дигар – Ҷаъфариддин Юсупов аз Норак ва Зафарҷон Сафаров ва писари тағои ӯ Асомуддин Маҷидов аз деҳаи Селгаи ноҳияи Панҷро дар ҳудуди деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара ба ҳалокат расонданд. ВКД гуфт, ки онҳо бо корду дос муқовимат нишон додаанд. Сокини Ҷайҳунро ба далели исбот шудани бегуноҳиаш алакай озод кардаанд.

Масъулияти ҳамлаи Данғараро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Ин созмон видеои дудақиқагиеро ҳам нашр кард, ки дар он гуруҳи ҷавонони тоҷике, ки чор сайёҳи хориҷиро дар ноҳияи Данғара куштанд, дар зери як дарахт зоҳиран дар наздикии обанбори Норак нишастаанд ва як ангушти худро ба тарзи барои ҷангиёни ДОИШ хос ба боло бардошта, ба номи Абӯбакри Бағдодӣ, "халифа”-и худхондаи ДОИШ байъат месупоранд.

Ва аммо вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ду изҳороти алоҳида ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва Эронро ба даст доштан дар ҳамлаи Данғара айбдор карданд. Дар гузоришҳои алоҳидаи ин ду ниҳод гуфта мешуд, ки роҳбари гуруҳи ҳамлагар Ҳусейн Абдусамадов солҳои 2014-2015 дар шаҳрҳои Қуму Мозандарони Эрон таълими идеологӣ ва диверсионӣ гирифта, дар ҳамонҷо тавассути Носирхӯҷа Убайдов, мулаққаб ба Қорӣ-Носир ном узви ҲНИТ ба ин ҳизб "байъат” супурдааст.

ҲНИТ ва Эрон ҳарду ин иттиҳомро башиддат рад карданд. ҲНИТ хостори таҳқиқи байналмилалии ҳамлаи Данғара шуд ва Эрон сафири Тоҷикистонро эҳзор карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд, ки дар он иттиҳомоти Душанбе кизб ва беасос хонда мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон