“АБӮ УСОМАИ НОРАКӢ” ДАР ДАСТАИ ФУТБОЛИ … ҲНИТ БОЗӢ МЕКАРД?

Дар як матлаб дар Интернет, ки зоҳиран бо такя ба маълумоти ниҳодҳои амниятӣ омода шудааст, "Абӯ Усомаи Норакӣ” – яке аз сухангӯёни ДОИШ-ро низ узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ном бурда навиштаанд, ки ӯ шогирди Қурбон Маннонов, раҳбари собиқи ҲНИТ дар шаҳри Норак буд ва ҳатто дар дастаи футболи "Салмони Форс”-и ин ҳизб бозӣ мекард.

Мақола дар бораи "Абӯ Усомаи Норакӣ” рӯзи 9 август дар  сомонаи Centrasia.ru аз номи "Холмаҳмад Самиев, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон” чоп шудааст.

Муаллиф дар ин мақола зоҳиран бо такя ба маълумоте, ки мақомоти амниятӣ дар ихтиёраш гузоштаанд, менависад, ки "Абӯ Усомаи Норакӣ”, нафаре ки ахиран аз номи ДОИШ паёми таҳдидомезе ба унвони президенти Тоҷикистон нашр кард, яке аз ташкилкунандагони ҳамлаи рӯзи 29 июл ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара буда, дар шаҳри Хоши Эрон ба сар мебарад.

 

Шаҳри Хош, ки дар наздикии марзи Эрон бо Покистон дар сарзаминҳои Балуҷистони Эрон ҷойгир шудааст, дар ин мақола яке аз пойгоҳҳои ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ном бурда мешавад ва Холмаҳмад Самиев инро далели узвияти "Абӯ Усомаи Норакӣ” дар ҲНИТ хонда, менависад, "қарори маълум, ягон узви ДОИШ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонад дар онҷо (дар Хош) зиндагӣ кунад, ило агар узви ҲНИТ набошад.”

Ба навиштаи Самиев, "Абӯ Усомаи Норакӣ” лақаби Назаров Тоҷиддин Мирзораҳимович, соли таваллудаш 1989, зодаи деҳаи Ӯзбеклангари шаҳри Норак мебошад. Тоҷиддин Назаров, бино ба ин манбаъ, дар мактаб бад таҳсил мекард ва аз ин рӯ аз мактаб ронда шуд ва баъди ин ба дуздӣ дар бозору мағозаҳо ва боғҳо машғул шуд.

Самиев менависад, Тоҷиддин Назаров ба ҷои мактаб ба масҷид мерафт ва зери тарбияи Қурбон Маннонов, роҳбари бахши маҳаллии ҲНИТ қарор гирифт. Қурбон Маннонов дар соли 2015 барои овехтани парчами ДОИШ ҳамроҳи 13 сокини дигари Норак маҳкум ба зиндон шуд ва соли гузашта дар синни 75 дар маҳбас даргузашт.

Холмаҳмад Самиев менависад, Тоҷиддин Назаров аз ҷониби Қурбон Маннонов ба сафи ҲНИТ пазируфта шуда, як муддат ҳатто масъули бахши фарҳанги созмони маҳаллии ҳизб буд ва дар ҳайъати дастаи футболи "Салмони Форс”, ки аъзои ҲНИТ дар Норак ташкил карда буданд, низ бозӣ мекард.

Ин мақолаи Самиев дар идомаи силсилаи мақолаҳо бо даъвоҳои гоҳо боварнокардание, мисли футболбозии "Абӯ Усома” дар дастаи ҲНИТ аст, ки зоҳиран барои тақвияти иддаои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди айбдор кардани ҲНИТ ба ҳамлаи Данғара нашр шудаанд.

 

ҲНИТ ба иддаои Самиев дар бораи гӯё узви ин ҳизб будани "Абӯ Усомаи Норакӣ” вокуниш накардааст, вале иддаои қаблии мақомот дар бораи узви ҲНИТ будани Носирхӯҷа Убайдов, мулаққаб ба Қорӣ Носирро, ки ташкилкунандаи ҳамлаи Данғара ном бурда мешавад, рад карда буд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 8 август ба сомонаи "Ахбор” гуфт, билофосила баъди нашри исми ин нафар дар робита ба ҳамлаи рӯзи 29 июл бо дастури роҳбарияти ҳизб бо мақсади муайян кардани шахсияти Қорӣ Носир санҷиши дохилиҳизбӣ гузаронда шуд: "Дар натиҷаи санҷиш, маълум гардид, ки шахсе ба номи Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, ҳеч гоҳ узви ҲНИТ набуда ва дар ҳеч санади ҳизбӣ фарде бо чунин ном ва фамилия сабт нашудааст.Бинобар ин, ҲНИТ иттиҳоми навбатии мақомоти Тоҷикистонро шадидан рад намуда, таъкид менамояд, ки хамеша пойбанд ба василаҳои мусолиҳатомези сиёсӣ хоҳад буд.

Қорӣ Носир низ, тавре аз Душанбе иддао мешавад, аз шаҳри Хоши Эрон ба ҳамлагарони Данғара роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекард.

"Абӯ Усомаи Норакӣ”, ки яке аз сухангӯёни асосии ҷангиёни тоҷики ДОИШ ба шумор меравад, ахиран дар як паёми садоӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба таъқиби диндорон ва сиёсати зидди Ислом айбдор кард ва гуфт, ҷангиёни ДОИШ ҷабҳаи ба ном "ҷиҳод”-ашонро ба Тоҷикистон мекӯчонанд. Маълум нест, ки ин паём кай ва дар куҷо нашр шудааст, зеро дар он ишорае ба ҳамлаи Данғара нест.

Рӯзи 29 июл бар асари як ҳамла дар ноҳияи Данғара 4 сайёҳи хориҷӣ кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт ва видеоеро нашр кард, ки дар он 5 ҳамлагари Данғара ба "халифа”-и худхондаи ДОИШ Абӯбакри Бағдодӣ байъат месупоранд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин ҳамларо кори дасти ҲНИТ меноманд ва мегӯянд, нашри видеои ба ДОИШ қасам ёд кардани ҳамлагаон"бо мақсади дур кардани гумон аз ташкилотитеррористии ҳизби наҳзати исломки фармоишгари асосии амали террористии мазкурмебошадташкил карда шудааст.”

ҲНИТ ва Эрон қаблан иддаои мақомоти Тоҷикистон дар бораи даст доштанашон дар ҳамлаи Данғараро рад карда буданд. ҲНИТ хостори таъсиси як гуруҳи байналмилалӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса шуд ва Эрон сафири Тоҷикистон дар Теҳронро ба вазорати хориҷааш даъват карда, дар робита ба "иттиҳомоти кизб ва беасос” ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон