ШВЕЙТСАРИЯ ДАР РОБИТА БА ҲАМЛАИ ДАНҒАРА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ОҒОЗ КАРД

Додситонии кулли Конфедератсияи Швейтсария рӯзи 2 август эълон кард, ки дар робита ба куштори 4 сайёҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор, расондани осеби вазнини ҷисмонӣ ва ҳамчунин узвият дар гуруҳи ҷиноӣ ва поймол кардани қонуни манъи Ал-Қоида, ДОИШ ва дигар созмонҳои марбут ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара як шаҳрванди Швейтсария кушта ва як шаҳрванди дигари ин кишвари аврупоӣ захмӣ шуданд.

Рӯзи 3 август намояндаи Додситонии кулли Конфедератсияи Швейтсария дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” тасдиқ кард, ки ин ниҳод дар робита ба кушта шудани шаҳванди Швейтсария Маркус Хаммел ва ҷароҳат бардоштани шаҳрванди дигари ин кишвар Марӣ Клер Дименд дар ҳамлаи хунини рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Ба гуфтаи намояндаи додситонии Швейтсария, ин парванда ба зидди шахсони номаълум бар асоси 4 банди қонун – куштор, расондани осеби вазнини ҷисмонӣ, узвият дар гуруҳи ҷиноятӣ ва нақзи қонуни манъи Ал-Қоида, ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ оғоз шудааст.

Ба ин тартиб, Швейтсария нахустин кишвари хориҷист, ки аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба куштаву захмӣ шудани шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хабар дод.

Рӯзи 1 август 4 созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон – ҲНИТ, Анҷумани озодандешон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – дар як номаи муштарак бо изҳори шубҳа ба тавоноии мақомоти Тоҷикистон барои тафтиши холисонаи ҳамлаи Данғара аз Иттиҳоди Аврупо ва ҳукуматҳои Амрико, Ҳолланд ва Швейтсария – се кишваре, ки шаҳрвандонашон дар ҳамлаи рӯзи 29 июл дар ҷануби Тоҷикистон куштаву захмӣ шуда буданд, хостори таъсиси як гуруҳи байналмилалии таҳқиқотӣ ва анҷоми таҳқиқи байналмилалии қазияи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара шуданд.

Рӯзи 29 июл, соати тахминан 15:30 ҳамлагарон бо як мошини рангаш сиёҳи "Дэу Лагенза” дар роҳи Кӯлоб – Душанбе дар рӯбарӯи деҳаи Сафобахш (собиқ Ёхсу)-и ноҳияи Данғара гуруҳи сайёҳони велосипедсаворро, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштанд, пахш карданд. Сипас ҳамлагарон аз мошин фаромада, бо корд ба сайёҳон ҳамла карданд.

 

 

Дар натиҷаи ин ҳамла 4 сайёҳ - шаҳрвандони Амрико Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рен Виллем ва Маркус Ҳамел аз Швейтсария кушта шуда ва ду нафари дигар - Ким Айрис шаҳрванди Ҳолландва Дименд Мари Клер шаҳрванди Швейтсария - захмӣ шуданд. Дар ин ҳамла танҳо сайёҳи фаронсавӣ Казабат Гуиллаюм Ҷеан, ки аз ҳамроҳони худ каме ақиб монда буд, осеб надидааст.

Мошини дар ин ҳамла истифодашударо алакай шоми ҳамон рӯзи 29 июл дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара пайдо карданд. Ҳангоми амалиёти боздошт дар Торбулоқ Аслиддин Юсупов, сокини 26-солаи шаҳри Норак, ки бо табар муовини сардори УБОП Ҷумъахон Назарзодаро аз баногӯшаш захмӣ кард, кушта шуда, Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи Душанбе дастгир шуд. Ҳусейн Абдусамадов, тавре баъдан маълум шуд, роҳбари ин гуруҳи ҳамлагар будааст.

Рӯзи 30 июл мақомот ду сокини шаҳри Кӯлоб, як сокини Норак ва як сокини ноҳияи Ҷайҳунро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастгир карда, се гумонбари дигар – Ҷаъфариддин Юсупов аз Норак ва Зафарҷон Сафаров ва писари тағои ӯ Асомуддин Маҷидов аз деҳаи Селгаи ноҳияи Панҷро дар ҳудуди деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара ба ҳалокат расонданд. ВКД гуфт, ки онҳо бо корду дос муқовимат нишон додаанд. Сокини Ҷайҳунро ба далели исбот шудани бегуноҳиаш алакай озод кардаанд.

Масъулияти ҳамлаи Данғараро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Ин созмон видеои дудақиқагиеро ҳам нашр кард, ки дар он гуруҳи ҷавонони тоҷике, ки чор сайёҳи хориҷиро дар ноҳияи Данғара куштанд, дар зери як дарахт зоҳиран дар наздикии обанбори Норак нишастаанд ва як ангушти худро ба тарзи барои ҷангиёни ДОИШ хос ба боло бардошта, ба номи Абӯбакри Бағдодӣ, "халифа”-и худхондаи ДОИШ байъат месупоранд.

Ва аммо вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ду изҳороти алоҳида ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва Эронро ба даст доштан дар ҳамлаи Данғара айбдор карданд. Дар гузоришҳои алоҳидаи ин ду ниҳод гуфта мешуд, ки роҳбари гуруҳи ҳамлагар Ҳусейн Абдусамадов солҳои 2014-2015 дар шаҳрҳои Қуму Мозандарони Эрон таълими идеологӣ ва диверсионӣ гирифта, дар ҳамонҷо тавассути Носирхӯҷа Убайдов, мулаққаб ба Қорӣ-Носир ном узви ҲНИТ ба ин ҳизб "байъат” супурдааст.

ҲНИТ ва Эрон ҳарду ин иттиҳомро башиддат рад карданд. ҲНИТ хостори таҳқиқи байналмилалии ҳамлаи Данғара шуд ва Эрон сафири Тоҷикистонро эҳзор карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд, ки дар он иттиҳомоти Душанбе кизб ва беасос хонда мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон