БАЪД АЗ ИН БО КӢ…???? МАРСИЯИ ШОИРИ ТОҶИК ДАР МОТАМИ САЙЁҲОН

Баъд аз ин бо кӣ бихонам, байти Турсунзодаро?

"Расми хуби тоҷиконро…” пушти по кардӣ! Ба кӣ...?!

Чун бинозам баъд аз ин, ки хуни меҳмон рехтӣ,
Бо кӣ аз меҳмоннавозӣ, в-аз ҷаҳонгардӣ ба кӣ?

 

 

Фаридун РАҲНАВАРД

БАЪД АЗ ИН БО КӢ…????

 

Дарди дил бо кӣ тавон кард, арзи ҳамдардӣ ба кӣ?
Бо кӣ аз мардӣ тавон гуфтан, зи номардӣ ба кӣ?

Баъд аз ин бо кӣ бигӯям, "Нури дида тоҷи сар”?
Бо кӣ гӯям: "Нур дар ин хона овардӣ!” Ба кӣ?

Баъд аз ин бо кӣ бихонам, байти Турсунзодаро?
"Расми хуби тоҷиконро…” пушти по кардӣ! Ба кӣ...?!

Чун бинозам баъд аз ин, ки хуни меҳмон рехтӣ,
Бо кӣ аз меҳмоннавозӣ, в-аз ҷаҳонгардӣ ба кӣ?

Дар диёре, ки риё фахр асту берӯйӣ ҳунар,
З-иллати ин рӯсиёҳӣ, нанги рӯзардӣ ба кӣ?

Бар муроди чанд ноаҳл аст гардишҳот, Чарх,
Чист суд аз ин ки мегардӣ, намегардӣ? Ба кӣ?

Ф.Р.
29.07.2018

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон