АМРИКО: ҲАНӮЗ ГУФТА НАМЕТАВОНЕМ КИ МАСЪУЛИ ҲАМЛАИ ДАНҒАРА КИСТ?

Ҳезер Науэрт, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико

Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, дар ҳоли ҳозир тасдиқ карда наметавонад, ки дар пушти ҳамлаи хунин ба сайёҳони хориҷӣ кӣ истода буд? Душанбе дар он ҳамлаи рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара, ки 4 сайёҳ, аз ҷумла ду сайёҳи амрикоиро кушта ба ҷо гузошт, ҲНИТ ва Эронро айбдор кард. Аммо ДОИШ бо нашри видеои байъати ҳамлагарони Данғара масъулияти қатли хориҷиён дар Тоҷикистонро ба дӯши худ гирифтааст.

Ҳезер Науэрт, сухангӯи департаменти давлатӣ (вазорати хориҷа)-и Амрико рӯзи 31 июл бо изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаҳои ду амрикоии дар Данғараи Тоҷикистон кушташуда гуфт, мақомоти Амрико бо мақомоти Тоҷикистон дар тафтиши ҳамлаи хунин ба сайёҳони хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад. Ҳезер Науэрт ҳамлаи рӯзи 29 июл дар 90-километрии ҷануби Душанберо "ҳамлаи бемаънӣ” номид ва гуфт, дар Вошингтон аз иддаои ДОИШ дар мавриди ба дӯши худ гирифтани масъулияти ҳамлаи Данғара хабар доранд, вале: "Мо дар ҳоли ҳозир тасдиқ карда наметавонем, ки масъули ин ҳамла кист?”

"We would like to express our deepest condolences to the families of the Americans and others who were senselessly killed in TajikistanWe cannot confirm who is responsible for at attack at this time."

Рӯзи 30 июл вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ду изҳороти алоҳида ҳизби наҳзати исломӣ ва Эронро ба даст доштан дар ҳамлаи Данғара айбдор карданд. Прокуратураи генералӣ дар ин маврид аз ҷумла гуфт: "Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, онҳо ин амалиёти террористиро бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс – аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир намудаанд. Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.Муайян гардид, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Аммо раёсати ҲНИТ дар пайи изҳороти ВКД дар як баёния ҳар навъ даст доштанаш дар ҳамлаи Данғараро рад намуда гуфт, мақомоти Тоҷикистон бо чунин тӯҳмати бепоя ва шармовар мехоҳанд аз ин ҳамлаи террористӣ истифодаи сиёсӣ карда, саркӯби мухолифон дар кишварро дар чашми ҷаҳониён тавҷеҳ кунанд.

Шоми 30 июл, ҳанӯз қабл аз нашри иддаоҳои ВКД ва Прокуратураи генералӣ, созмони Site Intelligence Group, ки фаъолиятҳои созмонҳои террористиву ифротиро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки созмони террористии ДОИШ ("Давлати исломӣ”) масъулияти ҳамлаи хунин дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистонро ба дӯши худ гирифтааст. Дар изҳороте, ки ДОИШ рӯзи 30 июл нашр кард, гуфта мешавад, ки "гуруҳи сарбозони хилофат” болои "шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ” бо мошин ва сипас бо корд ҳамла оварда, чор нафари онҳоро куштаанд ва чор нафари дигарро захмӣ кардаанд.

Рӯзи 31 июл "Аъмоқ” – сомонаи марбут ба ДОИШ видеои дудақиқагиеро нашр кард, ки дар он гуруҳи ҷавонони тоҷике, ки чор сайёҳи хориҷиро дар ноҳияи Данғара куштанд, дар зери як дарахт зоҳиран дар наздикии обанбори Норак нишастаанд ва як ангушти худро ба тарзи барои ҷангиёни ДОИШ хос ба боло бардошта, ба номи Абӯбакри Бағдодӣ, "халифа”-и худхондаи ДОИШ байъат месупоранд. Видео зоҳиран қабл аз ҳамлаи рӯзи 29 июл сабт шудааст.

Рӯзи 1 август 4 созмони оппозитсияи тоҷик дар хориҷ – ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар як номаи муштарак ба ҳукуматҳои Амрико, Ҳоланд, Швейтсария ва Иттиҳоди Аврупо хостори таъсиси як гуруҳи таҳқиқотии муштарак барои маълум кардани асли воқеияти ҳамлаи хунини рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара шудаанд.

Рӯзи 29 июл, соати тахминан 15:30 одамони номаълум дар ҳудуди ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара дар рӯбарӯи деҳаи Ёхсу мошини "Дэу Леганза”-ро болои гуруҳи сайёҳони хориҷии велосипедсавор ронда, сипас аз мошинҳо фаромада, бо корд ба онҳо ҳамла кардаанд.

 

 

Бар асари ин ҳамла, 4 нафар - шаҳрвандони Амрико Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рен Виллем ва Маркус Ҳамел аз Швеётсария кушта шуда ва ду нафари дигар - Ким Айрис шаҳрванди Ҳолландва Дименд Мари Клер шаҳрванди Швейтсария - захмӣ шуданд. Дар ин ҳамла танҳо сайёҳи фаронсавӣ Казабат Гуиллаюм Ҷеан, ки аз ҳамроҳони худ каме ақиб монда буд, осеб надидааст.

То ин лаҳза, бино ба иттилои ВКД, аз 9 гумонбари ҳамлаи рӯзи 29 июл 5 нафараш кушта ва 4 тани дигар дастгир шудаанд.

Кушта шуданд:

1.Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович, соли таваллуд 14.01.1999, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати С. Кабуд, деҳаи Селга

2.Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич, соли таваллуд 14.11.1999, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати С. Кабуд, деҳаи Селга

3.Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович соли таваллудаш 11.01.1997, сокини шаҳри Норак, кӯчаи Тургенева, хонаи 14, ҳуҷраи 23;

4.Юсупов Аслиддин Давлатбекович, соли таваллуд 26.03.1992, сокинони шаҳри Норак, кӯчаи Тургенева, хонаи 14, ҳуҷраи 23.

Дастгир шуданд:

1.Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович 11.06.1985 соли таваллуд, зодаи ноҳияи Панҷ, сокини шаҳри Душанбе

2.Шарипов Диловар, сокини шаҳри Кӯлоб

3.Назаров Ҷамшед, сокини шаҳри Кӯлоб,

4.Сайфиддинов Вайсиддинсокини ноҳияи Ҷайҳун

5.Ғаниев Кароматулло Исматуллоевичсокини шаҳри Норак.

Аммо манобеи сомонаи "Ахбор” дар бораи шумори бештари боздоштҳо дар пайи ҳамлаи Данғара сӯҳбат мекунанд. Аз ҷумла, бино ба иттилои дарёфтӣ, танҳо дар шаҳри Нораку деҳаи Қибил, ки се гумонбари ҳамлаи Данғара аз инҷо буданд, ҳудуди 10 нафар, асосан наздикони бародарон Юсуповҳоро боздошт карда, барои бозпурсӣ ба Душанбе бурдаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон