ВАЗОРАТИ АДЛИЯ: ЗАЙД САИДОВ БАР АСОСИ ҚАРОРИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ОЗОД НАМЕШАВАД

Асадулло Ҳакимов, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, қарори Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал, ки аз Тоҷикистон озод кардани Зайд Саидовро хостааст, хусусияти тавсиӣ дорад ва воҷибулиҷро нест. Рустами Шоҳмурод, вазири адлия гуфт, барои озодии Зайд Саидов танҳо ду роҳ вуҷуд дорад: ё президент ӯро бубахшад ваё шомили қонуни афв шавад.

 

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 18 июл дар нишасти хабариаш дар посух ба ин суол, ки оё имкон дорад, ки соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов бар асоси қарори Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид озод шавад?, гуфт, пешниҳоди ин кумитаро ҳанӯз дарёфт накардаанд ва танҳо баъди дастрас шуданаш мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ӯ афзуд, ки танҳо ду роҳи озодии Зайд Саидов вуҷуд дорад: "Ду шароит вуҷуд дорад, яке шомил шудан ба аф, ва дувум бахшида шудани гуноҳаш аз тарафи президенти Тоҷикистон. Танҳо дар ҳамин ду шароит, имкони озод шуданаш вуҷуд дорад.

Ва аммо Асадулло Ҳакимов, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати адлия дар ҳошияи нишасти хабарии ин вазорат дар сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ” гуфт, муроҷиати Кумитаи Созмони Миллал дар мавриди Зайд Саидов хусусияти тавсиявӣ дорад ва Тоҷикистон муваззаф ба иҷрои он нест: "Шикоятҳои инфиродие, ки ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ мерасанд, аз онҷо ба мо тавсия дода мешавад, ки баррасӣ карда шавад. Мо ин муроҷиати СММ-ро меомӯзем, ки шикоят чӣ гуна пешниҳод шудааст ва воқеият дорад ё не. Чунки вақте ки мо дар инстансияҳои дохилӣ баррасӣ мекунем, аз се марҳила иборат ҳастанд. Зинаи аввал ва зинаи дуввум кассатсионӣ буда, зинаи севвум назоратӣ аст. Ва мо вобаста ба ин уҳдадорӣ дорем ва агар дар ин зинаҳо ба таври кифоя масъала ҳалли худро наёфта бошад, Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ як бори дигар тавсия медиҳад, ки парванда як бори дигар баррасӣ карда шавад. Ба шарте, ки инстансияҳои дохилӣ пурра анҷом наёфта бошанд."

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ки аз соли 2015 парвандаи Зайд Саидовро таҳқиқ мекард, дар хулосааш ба чунин натиҷа расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар парвандаи Зайд Саидов як силсила аз муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандиро поймол кардааст ва бояд иштибоҳҳои худро ислоҳ кунад.

Кумитаи ҳуқуқи башар мегӯяд, ҷониби ҳукумат исрор меварзид, ки гуноҳи Зайд Саидов дар додгоҳ исботи худро ёфт, вале далеле наовард,ки чаро ҳуқуқи ӯро барои сохтани ҳизби сиёсӣ бо роҳи боздошт ва зиндонӣ кардан шадидан маҳдуд кардааст.

Ба ақидаи Кумитаи Созмони Милал, мақомоти Тоҷикистон ҳуқуқи Зайд Саидов ба озодии гирдиҳамоӣ ва таъсиси ҳизби сиёсӣ, ҳаққи ӯ ба тафтиши бидуни мамониат ва муҳокимаи одилонаи парвандаашро зери по кардааст.

Кумитаи ҳуқуқи башар дар хулосааш пиромуни ин парванда мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд Зайд Саидовро озод кунад ва барои ҳабси ғайриқонуниаш ба ӯ ҷуброн пардохт кунад. Дар сурати зарурат, меафзояд ин ниҳоди Созмони Милал, мақомоти Тоҷикистон метавонанд мурофиаи парвандаи Саидовро аз нав доир кунанд, вале бо риояи тамоми меъёрҳои додгоҳи одилона ва тамоми кафолатҳои ҳуқуқи озодии инсон, ки дар Паймони байналмилалии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ зикр шудаанд.

Аз давлати Тоҷикистон ҳамчунин тақозо шудааст, ки бо андешидани чораҳои қатъӣ аз такрори чунин ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар оянда пешгирӣ кунад.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба давлати Тоҷикистон барои озод кардани Зайд Саидов ва иҷрои дигар хулосаҳояш 180 рӯз фурсат додааст.

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба дунё омада, риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Зайд Саидов соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, солҳои 2002-2006 дар мақоми вазири саноати кишвар кор кард. Баъди рафтан аз мақом Зайд Саидов ба тиҷорат баргашт ва яке аз нафарони пештоз дар бозори сохтмони пойтахти Тоҷикистон шуд. Чандин иншооти бузург дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла бинои мактаби рақами 8, Маркази тиҷоратии "Соҳибкорон”, Маркази тиҷоратии "Пойтахт” дар канори варзишгоҳи "Спартак” ва "Душанбе-Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистонро ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов сохтаанд.

Зайд Саидов, ки имсол ба синни 60 расид, моҳи майи соли 2013 баъди эълони азмаш барои сохтани ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав боздошт ва бо иттиҳомоти иқтисодӣ ва таҷовуз ба номус дар ду мурофиаи додгоҳӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.Худи Зайд Саидов ин иттиҳомотро беасос номида, рад мекунад ва мегӯяд, азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав сабаби чунин ҷазои шадидаш аз ҷониби мақомот шудааст.

То кунун бисёриҳо дар Тоҷикистон мутмаинанд, ки Зайд Саидовро беасос ва бо тӯҳмат зиндонӣ кардаанд. Дар баҳори соли 2017 боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудани тақрибан ҳамаи аъзои бригадаи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов аз Агентии мубориза бо коррупсия, бо шумули раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ Фирӯз Холмуродзода шакку шубҳаҳо дар бораи гунаҳкории ин соҳибкори шинохтаро боз ҳам бештар кард. Дар пайи маҳкум ба зиндон шудани муфаттишони парвандааш бисёриҳо умедвор буданд, ки парвандаи Зайд Саидов низ бозбинӣ хоҳад шуд, вале чунин нашуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон