расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Сиҳат будааст: парвандаи зане, ки гӯё 4 фарзандашро кушта буд ба додгоҳ рафт

. / Ҳаводис

Сиҳат будааст: парвандаи зане, ки гӯё 4 фарзандашро кушта буд ба додгоҳ рафт

Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ хулоса додааст, ки ин зан бемории равонӣ надорад

Сурат: Asia-Plus
Парвандаи ҷиноятии нисбат ба Назокатхон Тоирова, ки гуфта мешавад моҳи сентябр чор фарзанди ноболиғи худро буғӣ карда кушта буд, бо эълони фикри айбдорӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуд.
Як манбаъ дар Додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан дида баромадан ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуд.
“Баъди он ки мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ ташхис гузарондаву Назокатхон Тоироваро аз назари равонӣ саломат арзёбӣ карданд, муфатиш нисбат ба ӯ бо модаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ айб эълон карда, парвандаро ба суд ирсол кард. Худи Назокатхон Тоироваро аз Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба боздоштгоҳи пешакӣ дар шаҳри Бохтар инқтиқол доданд”, - гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки  қаблан Назокатхон Тоирова, зане, ки гуфта мешавад дар ноҳияи Кӯшониён чор фарзанди худро рӯзи 9-сентябри соли равон буғӣ карда кушта буд, барои муайян кардани вазъи равонияш ба Муассисаи давлатии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ фиристода буданд.
Ба гуфтаи манбаъи “Азия-Плюс” дар Додситонии ивлояти Хатлон, пештар бар асоси хулосаи ташхиси додгоҳию равонпизишкӣ ва амбулатории Муасисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии” назди Вазорати тандурустӣ Назокатхон Тоирова барои муайян кардани вазъи равонӣ ва ин ки оё гирифтори бемории равонӣ аст ё не, дар беморхонаи бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ  бистарӣ карда шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 сентябр сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёнои ноҳияи Кӯшониён Назокатхон Тоирова  бо роҳи буғӣ кардан чор фарзанди худро кушта, баъдан худаш ба ШВКД дар шаҳри Бохтар омада аз ин ҷиноят хабар медиҳад.
Он замон як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, гуфта буд, ки ин зан кӯдаконро бо шеваи мудҳише ба қатл расонидааст. Ин манбаъ ҳамчунин гуфта буд, ки нисбати Назокатхон Тоирова бо моддаи 104, қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “и” (куштор)  КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.