расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Сокинони Тоҷикистон камбизоаттарин шаҳрвандони пасошӯравӣ

. / Иқтисодиёт

Сокинони Тоҷикистон камбизоаттарин шаҳрвандони пасошӯравӣ

Даромади солонаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳамсоякишварҳо кам аст.

Сурат: cdn.fishki.net
Ҳаҷми даромади солона ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 833 доллар баробар аст, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА).
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 1147 доллар (1,4 баробар зиёд нисбат ба Тоҷикистон), Ӯзбекистон - 1762 доллар (2 баробар зиёд) ва Қазоқистон - 8781 доллар (10 баробар зиёд)-ро ташкил медиҳад. Доир ба Туркманистон маълумот дастрас нест.
Даромади аз ҳама баландтарин дар паҳнои пасошӯравӣ дар кишварҳои Соҳили Балтик ба қайд гирифта шудааст: Эстония - наздики 23 ҳазор доллар, Литва - зиёда аз 19,8 ҳазор ва Латвия - беш аз 17,2 ҳазор доллар.
Ин нишондиҳанда дар Русия ба 9972 доллар, Беларус - 6133, Арманистон - 4314, Молдова - 4267, Озарбойҷон - 4124 ва Украина - 3491 доллар баробар мебошад.
Тибқи маълумоти охири ХБА, танҳо дар 4 кишвари ҷаҳон даромад ба сари аҳолӣ беш аз 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад: Қатар - 139 ҳазор, Макао - 113 ҳазор, Люксембург - 112 ҳазор ва Сингапур - 105 ҳазор доллар.
Даромади аз ҳама пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар 3 кишвари африқоӣ сабт шудааст: Конго - 661 доллар, Бурунди - 630 ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ - 368 доллар.

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 77,3 млрд сомонӣ (7,9 млрд доллар бо қурби аввали сол)-ро ташкил дод, ки ба ҳудуди 840 доллар ба ҳар сари аҳолии кишвар мутобиқ аст.
Аввали соли 2020 шумори аҳолии Тоҷикистон андаке бештар аз 9,3 млн нафарро ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориши моҳи октябр нашршудаи ХБА “Дурнамои рушди иқисоди ҷаҳон” сустшавии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ аз 7,5%-и соли пешин то ба 1% пешгӯйӣ мешавад.
Коршиносони Хазина бар ин назаранд, ки афзоиши сатҳи иқтисод соли 2021 каме барқарор шуда, то ба 6% мерасад.
Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро соли 2020 дар сатҳи 7,9%, яъне афзоиши ҳаҷми ММД то 87,4 млрд сомонӣ интизорӣ дошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.