“ЧАРО ШУМО ГАПРО НАМЕФАҲМЕД?” ИНТИҚОДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ МАНСАБДОРОН БАРОИ ПЕШВОЗҲОИ ПУРДАБДАБА

"Чаро Шумо гапро намефаҳмед? Ба Шумо чанд маротиба гап занам, ки дигар зимни сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳо аз наврасону духтарон истифода накунед? Ин аҳволро бубинед, мардум аз хунукӣ ларзида истодааст. Инсоф доред?” 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 июн зимни боздидаш аз ноҳияи Айнӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ёрдамчии президент Абдуҷаббор Раҳмонро барои дар ҳавои сард ба пешвози ӯ баровардани даҳҳо кӯдаку духтар сарзаниш кардааст. Президент қаблан дастур додааст, ки дигар барои ӯ чунин пешвозгириҳои пурдабдаба "ташкил” накунанд.

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари кории шашрӯза дар вилояти Суғд қарор дорад, рӯзи 24 июн, дар рӯзи нахустин ин сафараш, дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ ёрдамчии президентАбдуҷаббор Раҳмон ва раиси вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзодаро бароиҷалби наврасону духтарон ба пешвози президент сарзаниш кардааст. Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан ба Абдуҷаббор Раҳмон дасттур дода будааст, ки барои пешвози ӯ дигар наврасону духтаронро сафарбар накунанд ва пешвозгириҳои пурдабдаба аз ӯ дар минтақаҳоро бас кунанд.

Як манбаи "Ахбор”, ки шоҳиди сарзанишҳои президент шудааст, ба шарти бурда нашудани номаш гуфт: "Чанде пеш Пешвои миллат баёрдамчиаш Абдуҷаббор Раҳмон супориш дода будаанд, ки дигар аз наврасону духтарон ҳангоми сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳо истифода накунанд. Рӯзи 24 июн ҳангоми гузоштани санги асоси сохтмони корхонаи коркарди тиллои "ТАЛКО Голд” дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ президент барои боз ҳам ҷалб кардани духтарон ва наврасон Абдуҷаббор Раҳмон ва раиси вилоятро сахт сарзаниш карданд, ки чаро Шумо гапро намефаҳмед? Ба Шумо чанд маротиба гап занам, ки дигар зимни сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳо аз наврасону духтарон истифода накунед? Ин аҳволро бубинед, мардум аз хунукӣ ларзида истодааст. Инсоф доред? Вале мансабдорон ҳангоми ин сарзанишҳои президент сари худро хам кардахомӯш буданд.

Чархболҳои ҳомили президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш рӯзи 24 июн соати ҳафти субҳ дар Кончоч фуруд омаданд. Вале намояндагони ҳукумати вилояти Суғд духтарону наврасонро аз соати чори субҳ ба пешвози президент дар инҷо ҷамъ оварда буданд. Ҳамсӯҳбати "Ахбор” мегӯяд, дар ин минтақаи кӯҳистонӣ ҳатто дар нимаи рӯз ҳаво хеле салқин аст ва дар соатҳои субҳгоҳӣ ҳавояш хеле сард аст.

Ба истиқболи президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кончоч дар баробари хонандагони мактабҳои маҳаллӣ ҳамчунин гуруҳи бузурги донишҷӯдухтаронро аз шаҳри Хуҷанд оварда буданд, ки қариб як моҳ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ ба пешвозгирии президент омодагӣ медиданд ва ҳатто имтиҳонҳову санҷишҳои худро дар ҳамин ноҳияи Айнӣ супурдаанд.

Яке аз ин донишҷӯённиз ба шарти бурда нашудани номаш ба сомонаи "Ахбор” гуфт: "Моро бахотири пешвоз гирифтани Пешвои миллат бо қарори раиси вилоят як моҳ аз дарсҳо озод карда буданд. Мо як моҳ дар варзишгоҳи маркази ноҳияи Айнӣ тайёрӣ дидем ва ҳаттосанҷишу имтиҳонҳои худро, дар инҷо супоридем. Муаллимонеро, ки мо аз фанҳояшон санҷишу имтиҳон доштем, махсус барои ин ба Айнӣ оварданд, ки имтиҳонҳои моро дар ҳамин ҷо қабул кунанд.

Ин бори аввал нест, ки Президент барои ҷалби кӯдакону наврасон мансабдоронро сарзаниш мекунад. Чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон низ аз мақомоти маҳаллӣ сарзаниш карда буд, ки чаро кӯдакони хурдсолро дар ҳавои сард ба пешвози ӯ баровардаанд?

Дар он сафар як кӯдаки хурдсол, ки аз сардӣ меларзид, дар посух ба пурсиши Эмомалӣ Раҳмон, ки пурсид, хунук хӯрдӣ?, иқрор кард, ки бале, хеле хунук хӯрдааст.

Аммо бо вуҷуди сарзанишҳои президент, пешвозгириҳо аз ӯ дар минтақаҳо ба як навъ сабқат табдил ёфтааст, ки оё кадом мансабдор дар "ташкил”-и маросими истиқбол аз президент худро бештар нишон медиҳад?Ин пешвозгириҳоро мақомоти маҳаллӣ як гуна намоиши садоқати худ ба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ медонанд.

Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор гуфт, худи президентро аз ин пешвозгириҳои пурдабдаба зиёд хуш намеояд ва ӯ чандин бор аз мансабдорон хостааст, ки ин саҳнасозиҳоро бас кунанд: "Президент борҳо мансабдорон ва раисону вилояту ноҳияҳоро гуфта буд, ки ҳангоми пешвози ӯҳангомаву дабдаба ва харҷи беҳуда накунед, аз кӯдакону наврасон сӯиистифода накунед. Вале боз мебинем, ки чунин ҳол идома дорад, Президент ҳоло ин чизҳоро умуман қабул надорад ва ин ташаббуси худи раисони шаҳрувилояту ноҳияҳост, ки мехоҳанд, бо ин дабдабаҳо содиқ будани худро нишон диҳанд. Борҳо мо низ гуфта будем, ки чунин корҳоро анҷом надиҳед, хуб мегӯянду вале боз кори худро мекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки агар чунин пешвозгириро ташкил накунанд, меҳмонҳои воломақом шояд аз минтақаи онҳо норозӣ бираванд.

Мунтақидон ин пешвозгириҳо бо қироати шеърҳои ситоишӣ дар ҳаққи президент ва "подшоҳ”-и "сояи Худо” хондани ӯ аз ҷониби хонандагони мактабҳо ва дигар қишрҳои аҳолиро бахше аз сиёсати парастиши шахсияти Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд ва мегӯянд, ӯ метавонад бо намоиши як иродаи қавӣ ба ин ҳама нуқта гузорад.

Бино ба гузоришҳои расида, ҳамин тавр, дар Истаравшану Конибодом низ садҳо донишҷӯву хонандаи мактаб аз минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд оварда шуда, беш аз як моҳ боз ба пешвозгирии президент тайёрӣ медиданд. Ҳамчунин аз соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмини ин пешвозгириҳои пурдабдаба маблағҳои бузург талаб карда мешаванд, ки мардум ба он "андоз барои ободонӣ” ном додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон имсол дар ҷашни Рӯзи Ваҳдат дар шаҳри Конибодом ширкат ва суханронӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин дар чанд минтақаи ин вилоят дар расми ифтитоҳи корхонаҳову иншооти нав иштирок мекунад, ки муҳимтаринҳояш корхонаи тилои "ТАЛКО Голд” дар Кончоч, Қалъаи Муғ дар Истаравшан ва осоишгоҳи "Баҳористон-2” мебошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон