расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » Президент ва муфтии Тоҷикистон боз дар сафи мусалмонони маъруфи дунё

. / Дин

Президент ва муфтии Тоҷикистон боз дар сафи мусалмонони маъруфи дунё

Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад.

Сурат: коллажи Asia-Plus
Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид. Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад.
Дар раддабандии рӯзи 26 октябр нашршудаи The Muslim 500-2021 бори шашум аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода шомил шудаанд. Онҳо дар рӯйхати 450 шахсиятҳои сол пас аз 50-гонаи беҳтарин (ТОП-50) зикр шудаанд.
Волоҳазрат Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ (ҷойи 30-юм) – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ иқомат доранд, низ дар ТОП-50 қарор дорад.

Дар садри рӯйхати маъруфтарин ва пурнуфузтарин мусалмонони ҷаҳон имсол президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва пас аз ӯ Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз ва Оятулло Алӣ Хоманаӣ - роҳбари олии Эрон аз соли 1989 ҷойгир шудаанд.
Ба 5-гонаи аввал инчнуин Шоҳи Урдун аз соли 1999 Абдулло II Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ шомиланд, ки яке аз олимони саршиноси ҷаҳони ислом аст.
Дар ТОП-50 сарвазири Покистон Имрон Хон (ҷойи 15-ум), шоҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибн Салмон (ҷойи 23-юм), футболбози дастаи Ливерпул аз Миср Муҳаммад Салоҳ (ҷойи 42-юм) низ зикр шудаанд.
Дар феҳристи минбаъдаи 450 нафар шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон - Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон - Рамзан Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Олимов, инчунин қаҳрамони амалкунандаи UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов ва дигарон шомил гардидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.