расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Чаро Валиҷон навозандаҳои Садриддинро гирифт: сӯҳбат аз бепуливу таънаи шикамкалонӣ

. / Ҷомеа

Чаро Валиҷон навозандаҳои Садриддинро гирифт: сӯҳбат аз бепуливу таънаи шикамкалонӣ

Орзу Исоев дар барномаи "Ногуфтаҳо" бо овозхон Валиҷон Азизов аз кам шудани даромад аз тӯй дар давраи ҳамагирии коронавирус ва парҳези овозхон дар пайи "таъна"-и истифодабарандагони Инстаграм аз шиками калони овозхон сӯҳбат кардааст
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Орзу Исоев аз арзиши хидмати Валиҷон Азизов дар тӯйҳо пеш аз пендемия ёдрас мешавад, ки дар минтақаи Суғд аз 12 то 15 ҳазор сомонӣ ва дар пойтахт то 20 ҳазор сомонӣ будааст.
Аммо тавре овозхон мегӯяд, дар пайи бурузи бемории коронавирус ва кам шудани тӯйҳо, феълан ин нарх хело коҳиш ёфтааст.
"Мо шароити мардумро нигоҳ карда кор мекунем. Ҳоло арзиши ҳақи хизматро 50 дарсад поён бурдаем ва баъзан аз он ҳам камтар мегирем", - қайд мекунад овозхон.
Овозхон ба саволи он ки ин камшавии даромад ба кисаи овозхон то кадом андоза асар кардааст, мегӯяд, боиси мавқуф гузоштани баъзе нақшаҳояш гаштанд.
"Бо он сабаб, ки бештари мардум тӯяшонро то соли оянда мавқуф гузоштанд, мо низ умед мекунем, ки соли оянда вазъият беҳтар мешавад. Гап сари чанд суруди ман меравад, ки омода асту бояд сабт кунам, аммо барои он маблағи зиёд лозим аст", - тавзеҳ медиҳад овозхон.
Чаро Валиҷон навозандаҳои Садриддинро гирифт?
"Чаро навозандаҳои Садриддинро гирифтед?", - мепурсед рӯзноманигор.
Азизов, посух медиҳад, ки "бале, аз хидмати навозандаҳои Садриддини Наҷмиддин, овозхони дигари номии тоҷик истифода мебарад, аммо онҳоро нагирифтааст".
"Ман навозандаҳои Садриддинро нагирифтаам. Вақте ба Душанбе меравам, аз Суғд навозанда намебарам, аз он ҷо киро мекунам.  Ҳатто замоне Садриддин ҳам дар Тоҷикистон қарор дошт, вақте ман Душанбе мерафтам, агар навозандаҳояш бекор мебуданд, ба маъракаҳо бо ман мерафтанд", - мегӯяд Валиҷон.

Мард пирӣ надорад?

Ногуфтаҳои марги Баҳром: намехост рафтан, зангҳои паиҳам ва чӣ хел аз мошин парид?-видео
"Пир шуданро ба гардан мегиред?", - боз мепурсад Орзу Исоев. 
"Мард пирӣ надорад, агар мард ҳамеша хушҳол бошад, ҳамеша дунболи зебогиҳо бошад, пир намешавад", - посух медиҳад Азизов ва мефзояд, ки чанд вақт аст, ки бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад.
"Дар инстаграм ҳама гуфтанд, Валиҷон шикамро нест кун, нест кардам, диета кардам,", - меафзояд вай.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.