расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мактаби гӯшти уштурхӯрда

. / Ҷомеа

Мактаби гӯшти уштурхӯрда


Ё бузак — бузак, намур, ки баҳор меояд!
Сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ тариқи ҳашар дар ноҳияи Деваштич ба ҳукми анъана даромадааст.
Деҳаи Далён, ки яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳия ба ҳисоб меравад, зиёда аз 10 ҳазор аҳолӣ дошта, дорои 2 муассисаи миёнаи умумӣ ва як гимназия мебошад, ки тариқи ҳашари умумихалқӣ сохта ба истифода дода шудааст. МТМУ №9-и деҳа, ки ҳанӯз солҳои 50-уми қарни гузашта тариқи ҳашар сохта шудааст, то ҳол дар хизмати аҳолии деҳа буда, айни замон дар он зиёда аз 1150 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.
Бинобар сабаби зиёд шудани шумораи хонандагон дар деҳа, солҳои 1996-1997 тариқи ҳашар МТМУ №44 бо ду бинои асосӣ барои 640 ҷои нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шуд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ, ки акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги бародаркушро барқарор менамуду ашки модарони фарзандгумкардаву тифлакони падаргумкарда хушк нагардида буду дар гӯши мардум танҳо барномаи “Хоки Ватан” садо медод, сохта ба истифода додани муассисаи таълимӣ дар як гӯшаи дурдасти Ватани азизамон аз қаҳрамонӣ ва ба ояндаи дурахшони кишварамон боварӣ доштани мардуми деҳа ва директори ҳамонвақтаи хоҷагии кооперативии “Далён” Раҷабов Раҷаб дарак медиҳад.
Дар бумбасти коммуникатсионӣ қарор доштани кишвар, дастрас набудани масолеҳи босифат (чӯбу тахта) аз ҷумҳуриҳои дигар (Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон) сабаби он гардид, ки муассиса аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ (хишти хом, беду сафедор) сохта шавад.
Шояд бо гуноҳи лоиҳакашон, архитекторон ё устоҳои деҳа бошад, ё ба ҳисоб нагирифтани қабатҳои хоки маҳал, ки бинои муассиса пас аз боришоти зиёди соли 2010 ва заминларзаи соли 2016 ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, таҳсили хонандагон хатарнок гардид. Доир ба ҳолати муассиса ба идораҳои болоӣ — шуъбаи маорифи ноҳия, раиси ноҳия ва раиси вилояти Суғд солҳои 2010-2011 муроҷиат карда шуда буд.
Ҳолати муассисаи таълимиро инчунин комиссияи Комплекси экспедитсияи геологии шаҳри Қайроққум ва барои таҳсил хатарнок будани 5 синфхонаи муассисаро идораи хадамоти санитарӣ-эпидемиологии ноҳия низ санҷида, барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ иҷозат надодааст. Аммо бинобар нарасидани синфхонаҳо дар онҷо низ имрӯз хонандагон таҳсил менамоянд, ки хеле хавфнок мебошад.
Одатан, деҳқонон дуо мекунанд, ки соли сербарфу борон шавад, то ҳосили фаровон ба даст оранд. Аммо падару модарон ва бобоёни хонандагони мо дуо мекунанд, ки барфи зиёд борад ҳам, фақат дар болои боми мактаб наборад. Сабаби камборишии солҳои охир аз як тараф тағйирёбии иқлим бошад, аз тарафи дигар, мустаҷоб гаштани дуои пирони деҳа мебошад.
Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба раиси вилояти Суғд таҳти №04/у-14 аз 14-уми ноябри соли 2015 лоиҳаи бинои нави муассиса ба нақшаи соли 2016 ворид карда шуда, сохтмони бинои муассиса бояд соли 2017 оғоз гардида, соли 2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешуд. Вале бо сабабҳои ба мо номаълум сохтмони муассиса қатъ гардида, зиёда аз 8 сол мешавад, ки касе аз ҳоли мо хабар намегирад.
Хотиррасон менамоям, ки сохтмони бинои нав ба маблағи 6,5 млн сомонӣ ба зиммаи идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вогузор карда шудааст.
Бинои нави муассиса (катлавани он) дар мобайни майдончаи варзишӣ кофта шудааст ва зиёда аз 5 сол мешавад, ки хонандагон ҷои машқу тамрин надоранд.
Агар бинои нави муассиса дар ҷои дигари муассисаи таълимӣ (муассиса 3 га замин дорад) ба нақша гирифта мешуд, хонандагон бе майдончаи варзишӣ намемонданду бинои куҳна боз якчанд сол ҳамчун иншооти ёрирасон хизмат мекард.
Шахсоне, ки бинои нави муассисаро таҳрезӣ кардаанд, як мақсад доранд, ин ҳам бошад, бо қомат рост кардани бинои нав ба хок яксон кардани бинои куҳна. Ин аст қадршиносии мо нисбати падару бобоён, ки бо дастони ларзон ин биноро барои фарзандону наберагон бунёд кардаанд.
Инак, якчанд сол мешавад, ки хокҳои мисли қабр саркашидаи атрофи муассисаро дида, шахсони ба деҳа аз дигар ҷой омада дуою фотиҳа мекунанду хонандагон дар гирду атрофи муассиса бозии рустшавакон ташкил кардаанд.
Бо таъсири гармои тобистону сармои зимистон бетонҳои рехташуда вайрон шуда истодаанду масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили қуму шағал, арматураю хоначаи сохтмончиён атрофи муассисаро оро дода истодааст.
Бо умеди ақаллан як соат дар муассисаи замонавии барҳаво дарс додан чанде аз омӯзгорон ба нафақа баромаданду чанде аз онҳо имрӯз дар байни мо нестанд.
Чи хеле, ки мегӯянд, ноумед шайтон аст. Мо кормандон ва хонандагони МТМУ №44-и деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич умед дорем, ки дар ҷашнҳои минбаъдаи 35-40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби бинои нави таълимӣ мегардем.
Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Зиёдулло ДОДОБОЕВ,
директори МТМУ №44-и ноҳияи Деваштич



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.