расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ӯзбекистон дар ҳар вилояташ як донишгоҳи хусусӣ месозад

. / Ҷаҳон

Ӯзбекистон дар ҳар вилояташ як донишгоҳи хусусӣ месозад

Ҳоло маъллум нест дар ин кишвар чанд донишгоҳи хусусӣ вуҷуд дорад.

Сурат: uztag.info
Узбекистон тасмим гирифтааст шумораи мактабҳои олии хусусиро зиёд кунад. Ибтидо аз 1 сентябри соли 2021 дар ҳар вилояти ин кишвар  ҳадди ақал як донишгоҳи хусусӣ бунёд мешавад. Ин тасмими давлатро Узоқбой Бегимқулов, муовини вазири маорифи ин кишвар дар як нишасти хабарӣ расонаӣ кардааст. 
Дар иттилоияи расмии Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон дақиқ гуфта нашудааст, ки дар ин кишвар чӣ қадар донишгоҳи ғайридавлатӣ бунёд мешавад.

Тавре Бегимқулов гуфт, агар дар шаҳри Тошканд, Қароқалпоқистон ва 12 вилояти Узбекистон яктоӣ донишгоҳ бунёд шавад, пас дар 1 сол дасти кам 14 донишгоҳи ғайридавлатӣ дар ин кишвар таъсис дода хоҳад шуд. Расонаҳо дар бораи таъсиси донишгоҳҳои хусусӣ дар Узбекистон бори нахуст ду сол пеш иттилоъ дода буданд.
Тибқи як оморе, ки соли гузашта нашр шуда буд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама беш дар Қирғизистону Қазоқистон мактабҳои олии хусусӣ мавҷуданд. Дар Тоҷикистону Узбакистону Туркманистон ин навъи мактабҳои олӣ нестанд. 
Дар Тоҷикистон чанд бор талошҳои барои ташкили ин гуна мактабҳои олӣ сурат гирифт, ки ин ниҳодҳо баъди чанд соли фаъолият ё барҳам дода шуданд ё давлатӣ гардиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.