расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Фаронса сафирашро аз Туркия фаро хонд. Қазияи муаллими сарбурида

. / Ҷаҳон

Фаронса сафирашро аз Туркия фаро хонд. Қазияи муаллими сарбурида

Раҷаб Эрдуғон раисҷумҳури Туркия ба баррасии равонии Макрон даъват кард

Сурат: headtopics.com
Фаронса бар пайи як изҳори назари раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон сафираш дар Туркияро барои машварат фаро хонд. Ба иттилои "BBC форсӣ" Ардуғон дар як суханронияш гуфтааст, ки "ниёз дорад раисҷумҳури Фаронса ба хотири сиёсатҳояш дар қиболи мусалмонон аз назари равонӣ баррасӣ шавад".
Ба навиштаи бахши форсии BBC ин изҳороти Ардуғон пас аз он сурат гирифтааст, ки Эмонеэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса "пас аз сар буридани як муаллими фаронсавӣ аз сӯйи мактабхони мусалмон қавл дод, ки аз арзишҳои секулори Фаронса дар баробари исломи радикал дифоъ мекунад".
Ин муаллими фаронсавӣ барои нишон додани корикатурҳои паёмбари ислом дар синф ба қатл расид.
Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба суханони Макрон гуфта буд: "Мушкили фардие бо номи Макрон бо ислом ва мусалмонон чист? Макрон ниёз дорад, ки аз назари равонӣ дармон шавад". 
Дар пайи ҳодисаи қатли мулим Эмонеэл Макрон иқдомоте барои назорати бештар бар буҷаҳои хориҷии масҷидҳо дар кишвар эълон кард. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.