САРЕ, КИ ТАНҲО АЗ ТЕРОР МЕАНДЕШАД

 

Раванди фаъолияти ҳамарӯзаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Аврупо пасипардагӣ ҷараён гирифта истодааст собит менамояд, ки ҳадафҳои аслии онҳо бадном кардани дини мубини ислом ва бо ин васила аз кишварҳои ба ном ҳимоятгари дин гирифтани кӯмакҳои бедардимиён мебошад. Таҳлилҳо нишон дода истодаанд, ки роҳбари ташкилоти экстремистии мазкур Муҳиддин Кабирӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон терорист эълон гардидаву дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, мунтазам дар гирду атрофи худ ҷавононро ҷамъ намудаву бо онҳо фармудаву оятҳои каломи Раббониро ба хости худаш тарҷума карда баён месозад ва бо ҳар василае, ки бошад онҳоро мехоҳад гумроҳ кунад ва ба гирдори наҳзати касифаш кашонад.
Агар ба рафтору кирдори разилонаи Кабирӣ аз зуҳураш дар ҳизби наҳзати исломӣ то ин замон назар афканем маълум мегардад, ки ин хиёнатпеша танҳо аз террор ва содир намудани амалу кирдори разилона меандешад. Имрӯзҳо кирдору рафтори Кабирӣ танҳо ба бадном кардани кишвар ва дар назди хоҷагони хориҷӣ сиёҳ кардани Тоҷикистон аст. Бо суханбозиву суханпардозиаш ҷавононро ба худ моил карда онҳо мисли худаш аз волидонашон дур месозад. Ҳатто шогирди ҷониаш Шарофиддин Гадоев, ки дар ғарибиҳо ба сар мебурд ва худро ҳамчун мухолиф нишон медод дар ҷанозаи падараш мисли Кабирии разил иштирок накард.
Дар маҷмуъ агар ба фаъолияти наҳзатиҳо ва бахусус раҳбари онҳо террорист Кабирӣ назар афканем маълум мегардад, ки сари ӯ сар нест, балки як таҷҳизотест, ки дар он танҳо андешаи терору қатлу куштор ҷой дода шудааст ва соҳиби он имкони дигар кардани он сарбориро надорад.
Аз ин рӯ, аз ҳар як соҳибватан хоҳиш ба амал меорем, ки худ ва ҷигарбандону наздиконатонро аз вабои наҳзат эмин нигоҳ доред.

Фарҳод Воҳидов

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон