расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » КЛУБҲОИ ШАБОНА ВА МАРКАЗҲОИ ДИЛХУШӢ ДАР ХУҶАНД БАСТА ШУДАНД

. / Ҳаводис

КЛУБҲОИ ШАБОНА ВА МАРКАЗҲОИ ДИЛХУШӢ ДАР ХУҶАНД БАСТА ШУДАНД

Дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд хабар дод, ки бо қарори сардухтури давлатии санитарии шаҳр, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова аз санаи 22.10.2020 фаъолияти як қатор марказҳои дилхушии шаҳр, аз ҷумла «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» манъ карда шуд. "Ин иқдом баъди хулосаи маводҳои муоина, санҷиш, мониторинги марказҳои дилхушӣ гирифта шуд ва таъкид шудааст, ки масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст”, - гуфта мешавад дар иттилоия.
Шаҳри Хуҷанд ба яке аз манбаъҳои умдаи паҳншавии мавҷи дуюми коронавирус табдил ёфтааст. Дар Хуҷанд, ба гуфтаи мақомот, 4650 мавриди сироят ба коронавирус ошкор шудааст, ки ин тақрибан 45% аз ҷамъи мавридҳои расман сабтшудаи гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон мебошад. Шаҳрдории Хуҷанд қаблан гуфта буд, ки 45% ин мардум дар тӯйҳо ва марказҳои дилхушӣ гирифтори коронавирус шудаанд.
Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, то шоми 22 октябр дар кишвар 10 653 ҳолати сирояти коронавирус ва фавти 81 нафар аз ин беморӣ сабт шудааст. Бисёриҳо бар инанд, ки омори расмии вазорат доманаи воқеии паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикистон пинҳон мекунад ва дар асл шумори гирифторон ба маротиб бештар аст.
Маъмури Юсуфзод
 

Хуҷанд: Фаъолияти марказҳои дилхушӣ қатъ карда шуданд

Бо қарори сардухтури давлатии санитарии шаҳр, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова аз санаи 22.10.2020 фаъолияти як қатор марказҳои дилхушии шаҳр, аз ҷумла «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» манъ карда шуд.
Ин иқдом баъди хулосаи маводҳои муоина, санҷиш, мониторинги марказҳои дилхушӣ гирифта шуд ва таъкид шудааст, ки масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст.
Тибқи қарори мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла милитсия даъват ба амал оварда шудааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.
Дар асоси қарори номбурда марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома мебахшанд.
Ёдовар мешавем, ки ду рўз қабл зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда буд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд
 

 


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.