расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аз сӯхтор эҳтиёт бошед!

Ҷомеа / Ҳаводис

Аз сӯхтор эҳтиёт бошед!

Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо фарорасии фасли сармо эҳтиёҷ ба гармӣ на танҳо дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, балки дар тамоми иншооти вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, хусусан дар соҳаи савдову хизматрасонии маишӣ ва бозорҳо зиёд мегардад.
Пӯшида нест, ки шаҳрвандон дар манзилҳои истиқоматӣ, коргарону хизматчиён дар утоқҳои корӣ ва соҳибкорону фурӯшандагон дар бозору мағозаҳо ва дӯконҳо барои гарм шудану хӯрок тайёр намудан дар қатори асбобҳои гармидиҳандаи стандартӣ аз ҳар гунна асбобҳои гармидиҳандаи худсохти барқиву газӣ низ фаровон истифода мебаранд. Онҳо бо ин амали худ қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторро вайрон намуда, аксар вақт сабабгори ба вуқӯъ омадани ҳодисаву воқеаҳои нохуш мегарданд.
Дар наиҷа аз ин амал на танҳо худи онҳо зарари моддиву маънавӣ мегиранд, балки ба атрофиёнашон низ хатари ҷиддӣ эҷод намуда, табъи болида ва истироҳати бофароғати онҳоро парешону халалдор месозанд. Ҳодисаи сӯхтор ба таври худ даҳшатовар буда, ҳангоми дар он ба ҳалокат расидани шаҳрвандон, он ба фоҷиа табдил меёбад.
Маҳз барои роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳои номатлуб Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ба тасвиб расидааст.
Мутаасифона, аз хунукназарию саҳлангории баъзе роҳбарону масъулин ва шаҳрвандон ҳамоно ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба қайд гирифта мешаванд.
Сабабҳои асосии ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор ин варйон намудани қоидаҳои васлкунӣ ва вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои худсохти барқию газӣ, фориғболӣ бо оташ, бозии кӯдакон бо оташ ва ғайраҳо мебошанд.
Сӯхторҳои рухдода аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои охир баъзе аз роҳбарони муассисаву ташкилот, корхонаю иншоотҳо ва шаҳрвандони алоҳида дидаву дониста ба ин масъалаи ҳаётан муҳим аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва аз тарафи онҳо дар баъзе мавридҳо ҳатто оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя карда намешавад.
Бояд қайд кард, ки ҳануз низ дар натиҷаи муносибати ҷиддӣ зоҳир накардани баъзе аз масъулини вазорату кумитаҳо, корхонаю ташкилотҳо оид ба дуруст нигоҳ доштан ва истифодабарии таҷҳизотҳои барқӣ, манбаҳои обтаъминкунии оташнишонӣ, техникаҳо ва таҷҳизотҳои оташнишонӣ, воситаҳои воқифкунанда аз сӯхтор ва алоқа, диққати махсус дода намешавад ва сӯхторҳои рухдода ба зарари калони моддӣ ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба фавти шаҳрвандон низ оварда мерасонанд.
Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодани ҳодисаҳои сӯхтор Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсия менамояд:
1. Таъмини риояи талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёр, қоида ва стандартҳоро дар корхонаю иншоотҳои вобасташуда таъмин намуда, барои бар¬тараф нанудани камбудиҳои ошкоршуда чораҳои таъҷилӣ андешида шаванд.
2. Дар ҳамаи муассисаю корхонаҳо ва ташки¬лотҳо бо кормандон оид ба пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор машварат гузаронида, корҳои пешгирӣ аз сӯхтор пурзӯр карда шаванд.
3. Шабакаҳои барқӣ таҳти назорати қатъӣ гирифта, барои ҷудо кардани ҷараёни барқ бо калидҳо (рубилникҳо)-и махсус таъмин карда шаванд. Калидҳо (рубилникҳо)-и барқӣ аз беруни бино дар ҷойи махсус ё қутиҳои оҳанини қулфдор шинонда шаванд.
4. Пайвасти ноқилҳо ва кабелҳои барқӣ баҳри пешгирӣ намудани ҳолати хавфи сар задани сӯхтор бо роҳи кафшеркунӣ, пресонидан ва исканҷакҳои махсус амалӣ карда шаванд.
5. Санҷиши муқовимати рӯйпӯши ноқилҳо ва кабелҳои барқӣ гузаронида шуда, аз натиҷаҳои он санади даркорӣ тартиб дода шавад.
6. Асбобҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизотҳои барқӣ ба воситаи штепселҳои коршоям ба ша¬бакаи барқӣ пайваст карда шавад.
7. Дар сипарҳои барқӣ ба истифода бурдани муҳофизаткунакҳои худсоз қатъиян роҳ дода нашавад.
8. Дар устохонаҳои чӯбу тахтатарошӣ, анборҳо ва дигар биноҳое, ки дар он масолеҳи бинокорӣ нигоҳ дошта мешавад, чароғҳои барқӣ бо рӯйпушҳои шишагин таъмин карда шавад.
9. Тақсимкунакҳои қувваи барқ бояд бо рӯйпуши махсус маҳкам карда шаванд.
10. Ба беназорат гузоштани асбобҳои ба шабакаи барқӣ пайваст шуда, инчунин бе таҳмонаки ба оташ тобовар истифода бурдани онҳо роҳ дода нашавад.
11. Дар мавриди аз кор баромадани шаба¬каи барқӣ, биною ҳуҷраҳо бо чароғакҳои элект¬рикӣ ё фонусҳо таъмин карда шавад.
12. Дар шабакаҳои барқӣ пайваст намудани ҳар гуна қабулкунандаҳои барқӣ танҳо ба эътибор гирифтани сарбории имконпазири шабака мумкин аст. Барои васл, таъмиру хизматрасонӣ ба шабакаҳои барқӣ, танҳо мутахассисони ин соҳа роҳ дода шаванд.
13. Барои гарм кардани биною ҳуҷраҳо ҳатман аз шабакаҳои гармидиҳии марказонидашуда (ТЭЦ) ё дегхонаҳо (котельный) истифода бур¬да шавад.
14. Дар дегхонаҳо нигоҳ доштани захираи якрӯзаи сӯзишворӣ беш аз 0,5 метри куби зиёд манъ аст. Дегхонаҳо таҳти назорати корманди он гузошта шавад.
15. Ҳолати техникии печҳо, дудбароҳо ва дегхонаҳо ба талаботи меъёру қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор мувофиқат карда шаванд. Дар пешгоҳи ҳар як печ дар болои фарши чубин оҳантахтаи андозааш 50 х 70 см гузошта ша¬вад.
16. Деворҳои зидди сӯхтор аз печу дудба¬роҳо то конструксияҳои даргиранда 51 см зиёдтар, ҳангоми муҳофизат намудани конструк-сияҳои зуддаргиранда бо асбесту намади лоймолидашуда ба андозаи 38 см таъмин карда шавад.
17. Дудбароҳо ҳар як моҳ на камтар аз як маротиба ва печҳои гармкунӣ дар ду моҳ як маротиба тоза карда шаванд.
18. Шабона дар биноҳое, ки маъракаҳои ҷамъиятӣ ва ғайра гузаронида мешавад, ба пе¬чҳо оташ афрухтан қатъиян манъ карда шавад.
19. Бо карасин, бензин ва дигар моеъҳои зуддаргиранда ба печҳо оташ даргирондан, бе назорат гузоштани онҳо қатъиян манъ карда шавад.
20. Ҳар як ҷумаки сӯхторхомӯшкунӣ бояд рӯдаи дарозиаш 20 метр ва мили сӯхторхомӯ¬шкунӣ дошта бошанд, коршоямии онҳо ҳар шаш моҳ санҷида шавад.
21. Барои хомӯш кардани сӯхтор дар ҳолати набудани гидрантҳои оташнишонӣ дар ҳудуди ҳавлиҳои биноҳо обанборҳо ва ҳавзҳои оташнишонӣ сохта шавад. Гидранту обанборҳо бо нишонаҳои мавқеи он таъмин карда шавад.
22. Биноҳо мувофиқи қоидаю меъёрҳо бо воситаҳои автоматикии аз оташ воқифкунанда ва асбобҳои аввалиндараҷаи зидди сӯхтор таъмин карда шаванд.
23. Биноҳо на кам аз ду баромадгоҳи таҳлиявӣ (эвакуатсионӣ) аз бинои ҳар як ошёна таъмин карда шуда, дарҳои он ба самти баромад аз бино кушода шаванд.
24. Барои бемамоният даромадани мошинҳои оташхомӯшкунӣ ҳамаи роҳу гузаргоҳҳо ва роҳравҳои назди биноҳо, иншоотҳои обтаъминкунӣ дар ҳолати дуруст нигоҳ дошта шавад.
25. Бо аъзоёни дружинаҳо (дастаҳо, қисмҳо)-и идоравии оташнишонӣ (ДПД), комиссияҳои техникӣ - оташнишонӣ оид ба фаъолияти онҳо ҳангоми хомӯш намудани сӯхторҳои эҳтимолӣ дарсҳои амалӣ мунтазам гузаронида шавад.
26. Оид ба дуруст нигоҳ доштан ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ, манбаҳои обтаъминкунии оташнишонӣ, сохтмони депоҳои оташнишонӣ, техникаҳо ва таҷҳизотҳои оташнишонӣ, воситаҳои алоқа ва воқифкунанда аз сӯхтор диққати махсус дода шавад.
27. Бо карасин, бензин ва дигар моеъҳои зуддаргиранда дар печҳо оташ афрӯхтан, беназорат гузоштани онҳо ва ба кӯдакони хурдсол вобаста кардани ин амал қатъиян манъ аст.
28. Барои гарм кардани ҳуҷраҳои биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо истифодаи асбобҳои газӣ ва гармидиҳандаҳои худсохти барқӣ қатъиян манъ аст.
29. Беназорат гузоштани кори асбобҳои газию барқӣ, обгармкунакҳо, ба шахсони бо қоидаҳои истифодабарии ин асбобҳо шинос набуда, вобаста кардани он манъ аст.
30. Дар бомҳо ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматӣ ва иншооту корхонаҳо нигоҳ доштани ашёҳои даргиранда қатъиян манъ аст.
31. Танӯру оташдонҳо ва ҳезумхонаву каҳдонҳо аз манзилҳои истиқоматӣ бояд дар масофаи бехавф ҷойгир бошанд.

Ҳамватанони азиз!
Бори дигар хотиррасон мешавем, ки хомӯш намудани сӯхтор аз тарафи сӯхторнишонон ба тариқи ройгон сурат мегирад. Шумо бо риоя кардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии ҳезум, ангишт, асбобҳои газию барқӣ ва муносибати сарфакорона ба он, дар фасли сармои зимистон манзили зист, саломатии фарзандон ва ҳамсояҳоятонро аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва офатҳои дигар ҳифз карда метавонед.
Ҳамчунин хотирасон мешавем, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба Хадамоти оташнишонӣ ба телефони = 01 ва 101 занг задан зарур аст.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.