расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДУ ДУХТАР ДАР ДУШАНБЕ ШИШАҲОИ МОШИНИ ЯК ҶАВОНРО ЗАДА ШИКАСТАНД (ВИДЕО)

. / Ҷомеа

ДУ ДУХТАР ДАР ДУШАНБЕ ШИШАҲОИ МОШИНИ ЯК ҶАВОНРО ЗАДА ШИКАСТАНД (ВИДЕО)

Канали Парвиз ТВ видеои шишаҳои як мошини "Опел”-ро зада шикастани ду духтари хашмгинро нашр кард. Ба гуфтаи шоҳидон, ин ҳодиса шоми 21 ноябр дар назди Суши-бар дар касабаи Гипроземи шаҳри Дуҳанбе рӯй додааст. Шоҳидон мегӯянд, духтарон ба эҳтимоли ғолиб аз ҳисси рашк ба мошини ҷавони хушдорашон ҳамла оварда, як-як шишаҳояшро зада шикастанд. Дар як они воҳид дар атрофи он издиҳоми бузурги тамошобинон ҷамъ омад. Яке аз духтарон чунон қаҳролуд буд, ки ба онҳое, ки ин лаҳзаро ба навор мегирифтанд, таҳдид мекарданд, ки телефонҳояшонро зада мешикананд. Ба ин савол, ки "чаро мошини мардакро зада шикастед?”, ин духтар бо қаҳр ҷавоб медиҳад, ки "хуб мекунам. Мошини худаш аст. Худаш харид.” Духтарҳо он ҷавони баргаштабахтро, ки дар кадом биное пинҳон шуда буд, бо такрор фарёд мекарданд, ки мард шавад, пеши онҳо барояд. Вале ҷавон яқинан аз хашми ин ду духтар чунон тарсида буд, ки аз пинҳонгоҳаш сар берун накард. Ва духтарҳо аз ин боз ҳам бештар ба хашм омада, дар пеши чашми як олам тамошобин шишаҳои мошини ҷавонро мешикастанду мешикастанд...
Парвиз Парвиз Parviz TV
#Срочно Ду чавон духтар мошини як чавонро шишахояашро зада пора пора карданд. Дар Назди Сушибари Гипрозем ба гуфти шохидон Ду чавондухтар як мошини опелро шишахои пешу кафояашро зада майда майда карданд, фаред мекарданд ки сохиби мошини барояад. Вале чавон аз дохили бино берун набаромадааст. Ба гуфти шохидон духтарон ин корро аз руи Рашк карданд ва шояад у бача дустдоштааст хасту уро бо нафари дигаре капидан

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.