расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ОДАМКУШӢ ДАР ЧОЙХОНАИ “СОМҒОР”

. / Ҳаводис

ОДАМКУШӢ ДАР ЧОЙХОНАИ “СОМҒОР”



19/10/2020
Шаби 17 октябр, тахминан соати 01:10 сокини 45-солаи ҷамоати Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров дар чойхонаи "Сомғор” дар ҳолати мастӣ сокини 60-солаи Хуҷандро зада куштааст.
Ҳасибфурӯши 30-сола дар назди мағозаи "Азим” дар Хуҷанд ба гардан ва шиками як сокини 38-солаи Хуҷанд ду зарбаи корд задааст.
Сокини 35-солаи деҳаи Дӯконӣ шоми 16 октябр ҳангоми муноқиша як сокини 52-солаи Норакро 4 зарбаи корд задааст.
Рӯзи 15 октябр бар асари бархӯрди ду мошини "Опел-Астра” ва "Ҳундай-Старекс” дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт ронандаи "Опел” – сокини 66-солаи Хоруғ ба ҳалокат расид.
Аз навори хабарҳои рӯзи 19 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Боздошти марди 45-сола бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 17-уми октябри соли 2020, тахминан соати 01:10-дақиқа дар дохили чойхонаи «Сомғор», воқеъ дар маҳаллаи Сомғор бо марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷанд , нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, охиронро лату кӯб намуда, бо мизу предметҳои дар он ҷой буда, ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ду ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 9-уми октябри соли 2020, тахминан соати 15:30-дақиқа ҳангоми дар роҳи пиёдагарди назди мағозаи «Азим», воқеъ дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри мазкур ба фурӯши ҳасиб ва ҳасибчаҳо машғул буданаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба гардан ва 1-маротиба ба шикамаш задаст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки санаи 16-уми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 19:10-дақиқа марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо амакаш, марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 4-маротиба ба аъзои баданаш задаст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи бархурди «Опел Астра» ва "Хундай Старекс”
Рӯзи 15-уми октябри соли 2020, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Дилдоров Шероз, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Хоруғ ҳангоми ҳаракат кардан дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №16/5 ҳангоми ба тарафи чап гаштан бо автомашинаи тамғаи "Хундай Старекс”, ки таҳти идораи ронанда, Давлатов Алишер Нуриддинович, соли таваллуда 2001, сокини пойтахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра”, Дилдоров Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.