расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҷазои Шаҳло барои фиреби Дилфуза: фарзандонатро ба хориҷа барои таҳсил мефиристам гуфт

. / Ҳаводис

Ҷазои Шаҳло барои фиреби Дилфуза: фарзандонатро ба хориҷа барои таҳсил мефиристам гуфт


Додгоҳи шаҳри душанбе зодаи пойтах Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевнаи 44-соларо барои қаллоби наздики сад ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст
 Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи пойтахт,
Табарова Шаҳло тахминан моҳҳои апрел-майи соли 2019 бо шаҳрванд Сангинова Дилфуза Юсуфовна, ки хоҳараш дар ҳамсоягиаш, истиқомат мекунад вохӯрда, зимни сӯҳбат шаҳрванд Сангинова Дилфуза тибқи квота оиди дохил намудани духтараш ба Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон ва писараш ба Донишгоҳи давлатии Қазоқистон гуфтааст.
Манбаъ мегӯяд, Табарова Шаҳло аз фурсати бо худ муносиб истифода бурда, бо мақсади ба боварии охирин даромадан иброз намудааст, ки писараш дар Донишгоҳи давлатии Қазоқистон муддати 5 сол мешавад, ки таҳсил мекунад, вале духтараш ба воситаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ имтиҳон супорида ва ӯ бо директори Маркази мазкур шиносоӣ пайдо кардааст ва метавонад ба воситаи охирин писар ва духтари ӯро бар ивази маблағи пулӣ дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил намояд.
Ба иттилои манбаъ, Табарова Шаҳло баъди пурра ба боварии Сангинова Дилфуза даромадан, дарҳол аз номбурда тибқи квота барои дохил намудани духтараш дар Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон маблағи 7000 доллар ва барои писараш тибқи квота барои дохил намудан дар Донишгоҳи тиббии Қазоқистон 4000 доллари талаб намудааст.
Гуфта мешавад,Табарова Шаҳло нахуст бо баҳонаи банд намудани ҷой тибқи квота барои дохил намудани духтари Сангинова 1000 доллари гирифта, онро тасарруф намуда ва таъкид кардааст, ки ҳуҷҷатҳои духтарашро тайёр карда оварда ба ӯ диҳад.
Ӯ, боз кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, барои дохил намудани духтари Сангинова Дилфуза тибқи квота дар Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон 2000 доллари гирифта тасарруф намуда ва ҳуҷҷатҳои тайёр намудаи духтарашро гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” месупорад.
Ҳамин тариқ, Табарова Шаҳло тибқи ваъдаҳои пешинааш, ки писари Сангинова Дилфузаро бояд ба Донишгоҳи тиббии Қазоқистон дохил мекунад, 4000 доллар гирифтааст
Ҳамин тариқ, Табарова Шаҳло бо духтараш дар умум маблағи 7000 доллари Сангинова Дилфузаро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, ба манфиати ў ягон амалро иҷро накардаанд, афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, Табарова Шаҳло зимни баррасии додшгоҳӣ гунаҳошро пурра ба душ гирифта гуфтааст, зарарро пурра барқарор кард ва хлҳиш кардааст, ки ҷазои сабуктар ба ӯ таъйин кунанд.
Додгоҳ дар пайи баррасси парванда, ба ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1460 (як ҳазоручорсаду шаст) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 84680 (ҳаштоду чор ҳазору шашсаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат, муайян таъин кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.