ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР АРТИШ, ДОДГОҲ ВА ДОДСИТОНИИ ТОҶИКИСТОН

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Бахтиёр Мӯминзодаро фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард ва Хисрав Бобозодаро муовини ӯ таъйин кард. Ҳаимн тавр, президент Сулаймон Қосимзодаро аз мақоми судяи Суди олӣ бозхонда, раисони судҳо ва прокурорҳои 7 шаҳру ноҳияро иваз кард. Носир Раҳмон бо қарори ҳукумат раиси киностудияи "Тоҷикфилм” таъйин шуд.

 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 апрел дар сохтмонҳои низомиву ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллӣ боз як қатор тағйироти кадрӣ ба амал овард. Хадамоти матбуоти президент гуфт, ин тағйироти кадрӣ "бо натиҷагирӣ аз фаъолияти баъзе вазорату идора, сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ” сурат гирифта, президент аз кадрҳои навъйин шуда хостааст, ки "вобаста ба иҷрои вазифа ва масъулияти роҳбарӣ бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбариашон фаъолият кунанд.

Бо фармонҳои раисиҷумҳур рӯзи 10 апрелМуминзода Бахтиёр Мумин ба вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобозода Хисрав Хоркаш муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард таъин гардиданд.

Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, раисони судҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раисони суди шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ, раиси суди иқтисодии ВМКБ, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор, судяҳои суди як қатор шаҳру навоҳии мамлакат иваз шуданд. Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, кадрҳои нав "аз ҳисоби ҷавонону мутахассисони варзида ва поквиҷдону масъулиятшинос” интихоб шудаанд.

Президент ҳамчунин аз Маҷлиси миллӣ хост, то Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд шавад. Далели бозхонди ин судя дар гузориши расмӣ гуфта нашудааст.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо президент,прокуророни ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муминободи вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин гардида, дар якчанд Раёсат ва сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Носир — Директори муассисаи давлатии "Тоҷикфилм”, Давлатзода Сайфиддин муовини Вазири маориф ва илм, Аҳмадзода Орзу — муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширинҷонзода Маҳмуд – муовини аввал, Қаландарзода Ҳабибулло – муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонзода Амирхон Файзулло – муовини Раиси вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони навтаъйин таъкид кард, ки ҳар яки онҳо бояд дар доираи қонун дуруст ва босамар корда, тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонӣ ва таҷрибаи касбкардаашонро баҳри ободии сарзамин ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва сабабу монеаҳои пешрафту тараққиёти кишвар равона намоянд"Дар шароити зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва авзои минтақа афроди огоҳу ҳушёр, соҳибкасбу баномус ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд оромии сарзамин ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон