МАҚОМОТ САФИ ЧОР ТЕРРОРИСТРО ДАР ҶОМЕА КАМ КАРД!!!

МАҚОМОТ САФИ ЧОР ТЕРРОРИСТРО ДАР ҶОМЕА КАМ КАРД!!!

 

Ду-се рӯз қабл дар сомонаи Паём.нет, ки ба гурӯҳи террористии ҲНИТ мутааллиқ аст, мақолае бо номи «Мақомот аз чаҳор узви собиқи ҲНИТ қасос гирифтанд?» чоп шуд. Дар он гуфта мешавад, ки «чаҳор узви собиқи ҲНИТ дар Истаравшан бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин ҳизб ва тарғиби идеяҳои он ҳар кадоме маҳкум ба 6 соли зиндон шуданд. Инҳо собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Истаравшан Қурбонбой Обидов, собиқ узви раёсати вилоятӣ Умедҷон Оқилов, собиқ котиби ҳизб дар ҳамин ноҳия Шӯҳрат Мавлонов ва Насим Баротов ҳастанд».
Ин чаҳор тарғибгари ТТЭ ҲНИТ пас аз мамнуъ гаштани фаъолияти ҳизби наҳзат ва террористӣ эълон гаштани он тариқи навиштани як ариза аз узвияти ин гурӯҳ берун шуда, вале дар асл ҳамоно ба тарғиб ва паҳн кардани андешаву афкори пӯсидаи ҳизб, мазаммат кардани низоми сиёсии кишвар ва амалкарди мақомоти Тоҷикистон нисбат ба ҳамҳизбонашон идома додаанд. 
Дар робита ба ин Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – собиқ раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар вилояти Суғд андешаронӣ намуда, масъаларо аз нигоҳи худ шарҳ додаст. Вақте ин шарҳро хондам, дар чанд нуктаи он ихтилофи назар ё номувофиқатии маънии гуфтаҳои Илҳом Ёқубовро пай бурдам, ки дар зер дар алоҳидагӣ овардани он муносиб аст:
Нахуст, Илҳомҷон Ёқубов, ки қабл раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд буд, чӣ гуна унвони роҳбарии Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказиро пайдо кардааст? Ин чӣ анҷуман аст? Анҷумани муҳоҷирон ё наҳзатиён? Ин анҷуман аз ҳисоби кадом муҳоҷирон аъзо ҷамъ кардааст? Бешак, аз ҳисоби террористони наҳзатие, ки дар берун аз Тоҷикистон басар мебаранд.
Дувум, «Ин як тӯҳмати навбатиест, ки мақомот ба ҷавонони диндори миллат мебанданд» гуфтани ин лӯхтаки наҳзатиён - Илҳом Ёқубов маънои онро надорад, ки ҷурму гуноҳи ин чор нафар диндории онҳо бошад. То ҷое маълум аст, дар Истаравшан нисбат ба дигар манотиқи кишвар эътиқоди динии мардум бисёр қавӣ аст. Мақомоти тоҷик дар байни даҳҳо ҳазор ҷавони диндори Истаравшан махсус чор нафар диндорро ҷудо карда дастгир накардаанд, албатта. Диндории онҳо ба масъала ягон иртиботе надорад. Агар бар асоси диндорӣ мақомоти кишвар ҷавононро дастгиру маҳкум мекард, аз сад 99 нафари ҷавонон имрӯз маҳкумшуда ҳисоб меёфтанд. 
Ҷои дигар гуфта мешавад, ки «Воқеан се нафари онҳо — Шӯҳрат Мавлонов, Умед Оқилов ва Қурбонбой Абидов узви ҲНИТ буданд ва масъулият дар бахши Истаравашан низ доштанд. Онҳо тақрибан моҳи майи соли 2015 бо аризаи худ аз ҳизб хориҷ шуда буданд. Ба назари банда ин як қасосгирии навбатии мақомоти интизомӣ аст, танҳо ба хотири он, ки онҳо барои бастани бахши ҳизб дар Истаравшан розӣ нашуда буданд». Агар ба масъалаи аз сафи гурӯҳи террористии наҳзати ислом хориҷ шудани ин се нафар диққат кунем, тақрибан моҳи майи соли 2015 гуфта шудааст. Пас чаро онҳое, ки барои бастани бахши ҳизб дар Истаравшан кадом вақте розӣ нашуда буданд, бо ариза ва хоҳиши худ пеш аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 бе ягон асос аз узвияти ҳизб даст кашидаанд? Сабаби аз узвияти ҳизб барканор шудани онҳо дар чист? Бо кадом асос Қурбонбой Обидов, собиқ узви раёсати вилоятӣ Умедҷон Оқилов, собиқ котиби ҳизб дар ҳамин ноҳия Шӯҳрат Мавлонов ва Насим Баротов, ки чор нафар узви фаъоли ҳизб маҳсуб меёфтанд, 4 моҳ пеш аз манъ шудани фаъолияти ҲНИТ аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро менависанд? 
Ё дастгир шудани чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди худи кишвар бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ҲНИТ ба роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ чӣ алоқамандӣ дорад? Агар воқеан ин чор нафар бо ҲНИТ ҳамкорӣ намедошт ва тавре Илҳом Ёқубов мегӯяд, кайҳо онҳо аз сафи ҳизб берун шуда буданд, пас бояд ин матлаб дар сомонаи наҳзатиён роҳ намеёфт.
Ин ҳама сохтакориҳо, дурӯғу мардумфиребиҳо то ба кай? Чеҳраи аслии шумо хоинонро миллат кайҳо шинохтааст. Гуфтаҳоятон, дурӯягиҳоятон, иғвову фитнаҳоятон дигар ба кор намеравад.

Аъзамҷон Солиев

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон