НАФРАТ БА НАҲЗАТ

НАФРАТ БА НАҲЗАТ

 Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва пурра ошкор гардидани даст доштани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба оғози ҷанг ва идомаи бесарусомониҳо мардуми Тоҷикистон ба наҳзатиҳо ва хоҷагонашон наълату нафрат хонда, фаъолияти ғайриқонуниашро маҳкум намуда буданд. Соли 1993 бо сабабҳои шиканҷаро раво дидан ба мардум, кғшиши мусаллаҳона ба даст овардани ҳокимият, оғози бесарумониҳо ин ҳизб ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гардида буд.
Соли 1999 дубора бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар Тоҷикистон ба фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон расман иҷозат дода шуд.
Наҳзатиҳо, ки худро ҳизби мухолифи Ҳукумат унвон дода буданд борҳо дар рӯзномаву расонаҳои иттилоотиашон аз ҳад гузашта, бар муқобили арзишҳои милливу давлатӣ маводҳои ғаразнокро таҳия ва нашр намуданд. Динро василаи расидан ба ниятҳои муғризонаи хеш қарор доданд. 
Инҳо худро ҳамчун ҳомии дин унвон дода, рӯйрост ба дини мубини ислом хиёнат карданд. Маҳз пас аз он, ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ – террористӣ эълон гардид, боз ҳам ин намакзадаҳо бо супориш ва зери роҳбарони ба ном пуштибони дини худ амал намуда, мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд. Мардум ҳамеша ба ин нохалафон ва хоҷагонашон нафрат хонда истодааст.
Мо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дарк намоем, ки ба мо Пешвои маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда гуфтаанд, ки: “Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини ислом ҳеҷ рабте надорад.”
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои аз ин гуна нохалафон эмин нигоҳ доштани дини мубини ислом ва таҳким бахшидани сулҳу суботи кишвар ҷаҳду талош намоем.
Дилшод Зафарзода,
сокини шаҳри Бӯстон

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон