“НАҚШАИ ҶАНГ”-И КАБИРӢ ВА ДАЪВАТ БА КУШТАНИ МУХОЛИФОНИ ҲУКУМАТ

Муҳиддин Кабирӣ ва роҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ. Акс аз декабри соли 2015

Ба дасти сомонаи "Ахбор” номае расид, ки иддао мекунад, раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ нақшаи бо кумаки Эрон тавассути Афғонистон ба марзи Ишкошиму Хоруғ бурдани ҷангиёни мухолифи ҳукуматро дар сар дорад. ҲНИТ инро як иддаои бофта ва подарҳаво меномад. Ҳамзамон, як нафар дар Интернет даъват кардааст, ки роҳбарони мухолифини ҳукуматро дар Аврупо мисли Сергей Скрипал заҳр дода, бикушанд.

Дар майдони шарҳи яке аз гузоришҳои "Ахбор” номае омад, ки иддао мекунад, раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ахиран дар як ҷаласаи махфии ин ҳизб нақшаи ҷанг бо ҳукумати Тоҷикистонро эълон кардааст. Бино ба ин иддао, гӯё ҲНИТ қасд дорад бо кумаки Эрон ҷангиёнашро аз роҳи Афғонистон ба манотиқи ҳаммарз бо Ишкошиму Хоруғ бирасонад ва бо дастгирии фармондеҳони собиқи Бадахшон вориди Тоҷикистон шавад.

Бино ба иддаои муаллиф, гӯё яке аз аъзои ҲНИТ, ки зодати Язғулом аст, алакай бо фармондеҳони собиқ дар Бадахшон, аз ҷумла бо Боқир, Мунаффар, Толиб, Ёдгор ва дигарон вориди гуфтушунид шудааст, вале "яке аз роҳбарони гурўҳи ҷиноии Бадахшон гуфтааст, ки Шумо зидди ҳамаи Тоҷикистон ҳастед, мо зидди Шумоем. Агар он гурўҳҳо ба Хоруѓ дароянд аввал аз паси духтарҳои мо мешаванд.”

Матни пурраи ин нома дар бораи "нақшаи ҷанг”-и Кабирӣ чунин аст:

"Фош гардидани нақшаҳои ташкилотӣэкстремистӣ-террористии ҲНИТ

 

Дар рафти ҷаласаи пўшидаи охирини ТЭТ ҲНИТ, Мухиддин Кабирӣ ба иштирокчиёни ҷаласа, нақшаи бо дастгирии Эрон ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамла карданро фаҳмонида додааст. Тибқи нақшаи таҳрезикардашудаи М.Кабирӣ, бо маблаггузории Эрон аз давлатҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ аъзоёни ТЭТ ҲНИТ-ро тавассути Эрон ба Афғонистон гузаронида, онҳоро ба сарҳадҳои Ишкошим ва Хоруг наздик созанд. Ҳоло бисёри ҷангиёни ТЭТ ҲНИТ дар лагерҳои Эрон таҳсили ҳарби гирифта истодаанд.

 

Аз нақша ва ҳадафҳои ѓаразноки онҳо тамоми мардуми Тоҷикистон огоҳ буда, ба онҳо нафрат мехонанд. Рафтор ва кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти диннӣмубини ислом дар арсаи байналмилалӣгардидааст.

 

Онҳо мақсад доранд, ки дар фасли гармо ба воситаи роҳҳои мушкилгузари минтаќаҳои хатти сарҳадӣ вориди хоки Тоҷикистон гарданд.

 

Эрон бо маблагҳои калони пулӣ мақсади ҷалб кардани саркардагони гурўҳҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ – Боқир, Мунаввар, Толиб, Ёдгор ва дигаронро доранд, ки ҳангоми дохил шудан ба сарҳад аз тарафи онҳо дастгири ёбанд. Ҷалби пешвоёни гурўҳҳои ҷиноятии ш.Хоруғро яке аз зодагони ноҳияи Ванҷ ҷамоати Язғулом ба ўҳда гирифта, бо онҳо гуфтушунид дорад.

 

Дар гуфтушуниди охирини онҳо, яке аз роҳбарони гурўҳи ҷиноии Бадахшон гуфтааст, ки Шумо зидди ҳамаи Тоҷикистон ҳастед, мо зидди Шумоем. Агар он гурўҳҳо ба Хоруғ дароянд аввал аз паси духтарҳои мо мешаванд.”

 

Аммо Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” ин номаро як иддаои бофта ва подарҳаво номид ва гуфт, аслан чунин ҷаласае сурат нагирифтааст: "Ин ҳама дурӯғу беасос ҳастанд ва ҳама медонанд, ки бо чӣ ғаразе навишта мешаванд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон Эронро ба пуштибонии сиёсӣ ва ҳимояти иқтисодӣ аз ҲНИТ айбдор мекунанд. Даъвати Кабирӣ ба як анҷуман дар Теҳрон дар поёни соли 2015 ва мулоқоти кӯтоҳаш бо роҳбари Эрон оятулло Алии Хоманаӣ дар ҳошияи он ҳамоиш боиси як моҷарои бузурги дипломатӣ байни Тоҷикистону Эрон гардид ва Душанбе ба ин далел ҳатто монеи пазируфтани Эрон ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай шуд.

Дар Интернет байни тарафдорон ва мухолифони ҳукумат ҳамеша баҳсҳои тунде сурат мегиранд, ки дар аксари вақт аз ҳадди одоби баҳс берун рафта ва ба дашному таҳқири якдигар мепечанд. Аммо матлабе, ки аз номи "Ҷамшеди Самандар” таҳти унвони "ҶОСУСОНИ НАҲЗАТИРО КӢ ЗАҲРОЛУД МЕСОЗАД? дар саҳифаи корбаре бо номи Suhbatulloh Himatzoda Inoyatulloh нашр шудааст, ошкоро ба ҷисман аз байн бурдани роҳбарони мухолифин дар Аврупо даъват мекунад.

 

"Ҷамшеди Самандар” бо ситоиш аз Русия барои заҳоролуд кардани Сергей Скрипал, як афсари собиқи ГРУ дар Бритониё аз мақомоти амниятии Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар мубориза бо мухолифони ҳукумат аз айни шева кор бигиранд.

Ӯ дар ин маврид менависад: "Таҳлилу баҳогузориҳои вақтҳои охир дар сиёсат нишон медиҳанд, ки ашхосе чун Темур Варқӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Нуриддин Ризоӣ ва дигарон бисёр манфиатҷӯёна ва иғвоангезона, ҳамчун ҷосусони кишварҳои маълум амал мекунанд ва кайҳо боз даст ба хиёнаткорӣ задаанд... Ризоӣ дар баъзе сафсатабарномаҳои интернетиаш роҳбарияти мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалӣ намудани баъзе корҳои ба қавли худаш «ҷиноятӣ» гунаҳгор мекунад ва онҳоро хеле дастдарозу дар ҳама кор қодир нишон медиҳад. Агар амниятиҳои тоҷик чунин тавонро дошта бошанд, чаро Ризоӣ ва дигар хиёнаткорони дар боло зикршударо заҳролуд намесозанд? Охир дигар шаку шубҳае нест, ки ҳамаи инҳо ҳамроҳ бо Кабирию наҳзаташ мебошанд ва бозичаи дасти дигаронанду мутаносибан гумоштаю ҷосусу хиёнаткор. Ҷосус бояд ҳатман заҳролуд ва нест карда шавад. Мисли ҳамин Скрипал. Зеро оне, ки Ватан, миллат, авлоду аҷдоди худро мефурӯшад, дигар шанси бахшидан барояш вуҷуд надорад. Бояд ҷисман нобуд карда шавад, то решаву мафкураи заҳролудаш ҳамчун вируси бадтарин дар мағзҳои дигар паҳн нашавад.
Ин андешаи инфиродии ман аст: агар амниятиҳои тоҷик қудрат доранд, бояд ин таҷрибаи русҳои Ватандӯсту миллатпарастро истифода баранд. Вассалом.

Ҷамшеди Самандар

Баъди аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар манъ шудани фаъолияти "Гуруҳи 24” дар соли 2014 ва ҲНИТ дар соли 2015 садҳо нафар аз тарафдорони ин ду гуруҳ ва мухолифони дигари ҳукумати кунунии Тоҷикистон аз тарси таъқиб ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд. Тарафдорони мухолифин аз Аврупо тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муборизаи худро бо ҳукумати, ба ақидаашон, худкома ва саркӯбгари Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ андохтаанд. Ҷонибдорони ҳукумат ба навбати худ мухолифинро "зархарид” ва "хоин” номида, ба он айбдор мекунанд, ки дар ивази паноҳандагӣ ва имтиёзҳои моливу иҷтимоӣ дар Аврупо манфиатҳои Тоҷикистонро ба хориҷиён фурӯхтаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон