ШАРҲИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ: СОЗИШНОМАИ РАВУОИ БЕ ВИЗА ҲАНӮЗ АМАЛӢ НАШУДААСТ

Вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо нашри тавзеҳоти расмӣ ба иҷро даромадани созишнома дар бораи равуои бидуни визаи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро рад карда, гуфтаанд, созишномаи рӯзи 9 март имзошуда бояд аввал тасдиқ ва ратификатсия шавад. Тошканду Душанбе мегӯянд, рӯзи ба иҷро даромадани созишномаро иловатан хабар хоҳанд дод.

 

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо нашри тавзеҳоти расмии тақрибан яксон навиштаанд, ки созишнома дар бораи равуои бидуни виза байни ин ду кишвар ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Аз ҷумла вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 13 март дар як тавзеҳоти расмӣ дар сомонааш навишт, ки барои амалӣ гаштани ин созишнома лозим аст, то "расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо ба анҷом расад.” Манзур тасдиқи ин созишнома аз ҷониби ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ратификатсияаш дар парлумонҳои ҳарду кишвар аст, ки маъмулан аз як то се моҳ тӯл мекашад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин ҳушдор додааст, ки баъди ба иҷро даромадани созишнома сафар ба Ӯзбекистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ мумкин хоҳад шуд.

Тавзеҳот дар бораи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ш.М. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 сурат гирифт, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки буду боши бераводиди шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, ба имзо расид.

Азбаски баъзе расонаҳо аллакай дар бораи ба иҷро даромадани Созишнома хабар паҳн карданд, Вазорати корҳои хориҷӣ ба манзури пешгирӣ аз нороҳатиҳо барои шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ба маълумот мерасонад, ки барои амалигардонии ин Созишнома зарур аст, то расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо ба анҷом расад.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо шарикони узбекистонӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди татбиқи расмиёти дахлдор талоши заруриро анҷом медиҳад.

Ҳамчунин ба маълумот мерасонем, ки сарҳади давлатиро танҳо тавассути шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон убур кард.

Дар бораи санаи эътибор пайдо кардани Созишнома иловатан маълумот дода хоҳад шуд.

 

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ рӯзи 12 март бо нашри як шарҳи расмӣ дар сомонааш хабарҳои нашршуда дар бораи гӯё алакай ба иҷро даромадани созишнома дар бораи равуои бевиза байни Ӯзбекистону Тоҷикистонро рад кардааст. Қарори маълум, рӯзи 9 март раисиҷумҳурони Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ба шартномаи нав дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон имзо гузоштанд. Бар асоси ин шартнома, сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳақ пайдо мекунанд, ки ба муҳлати то 30 рӯз бидуни виза ба қаламрави кишварҳои якдигар сафар кунанд.

 

Аммо вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар матлабе бо номи "Шарҳи ВКХ дар мавриди иҷрои созиҳшнома байни ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи равуои дутарафаи шаҳрвандон” навиштааст, ки мардум набояд саросема шаванд, чунки ин созишнома танҳо баъди гузаштани як раванди муайян ба иҷро медарояд.

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар ин робита навиштааст: "Ба сабаби дар васоити ахбори омма нашр шудани гузоришҳо дар бораи оғози амали ин созишнома ва ба хотири ҷилавгирӣ аз нороҳатии шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои марзӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шарҳ медиҳад, ки барои истифодаи созишномаи мазкур бояд тарафҳо проседураҳои дохилидавлатӣ (тасдиқ ва ратификатсия)-ро такмил кунанд.”

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон ваъда додааст, ки "ҳамроҳ бо шарикони тоҷик тамоми талошро барои ҳарчӣ зудтар иҷро кардани ин проседураҳо ба харҷ хоҳем дод. Дар бораи таърихи рӯзи ба иҷро даромадани Созишнома иловатан хабар хоҳем дод.”

РАЗЪЯСНЕНИЕ МИД ОТНОСИТЕЛЬНО ПРИМЕНЕНИЯ СОГЛАШЕНИЯ МЕЖДУ ПРАВИТЕЛЬСТВОМ РЕСПУБЛИКИ УЗБЕКИСТАН И ПРАВИТЕЛЬСТВОМ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН О ВЗАИМНЫХ ПОЕЗДКАХ ГРАЖДАН

В рамках государственного визита Президента Республики Узбекистан Ш.М.Мирзиёева в Республику Таджикистан 9-10 марта 2018 года подписано межправительственное соглашение о взаимных поездках граждан, предусматривающее безвизовое пребывание граждан двух стран сроком до 30 суток.

В связи с распространением в средствах массовой информации сообщений о начале действия указанного Соглашения и во избежание неудобств для граждан на пунктах пропуска на границе Министерство иностранных дел Республики Узбекистан разъясняет, что для применения данного Соглашения необходимо завершение сторонами внутригосударственных процедур (утверждение / ратификация).

Министерство иностранных дел Республики Узбекистан совместно с таджикскими партнерами приложит все усилия для скорейшего выполнения соответствующих процедур.

О дате вступления в силу Соглашения будет сообщено дополнительно.

 

БАРОИ САФАРИ БЕВИЗА БА ӮЗБЕКИСТОН ШИТОБ НАКУНЕД!

 

Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи 9 март ба созишномае имзо карданд, ки ба сокинони ду кишвар ҳаққи то 30 рӯз бидуни виза сафар кардан медиҳад. Аммо дар гузаргоҳҳои марзӣ ҳанӯз ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат намедиҳанд, ки бе виза вориди Ӯзбекистон шаванд. Мақомот мегӯянд, ин созишнома танҳо баъди тасвибаш аз сӯи парлумонҳо ба иҷро медарояд.

Баъди имзои созишномаи нав байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон сели мардум аз ҳарду кишвар ба марз рехтанд. Аммо дар гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба аксари ин хоҳишмандони сафар, ба ҷуз аз сокинони манотиқи марзӣ иҷозати вуруд намедиҳанд.

Сомонаи "Ахбор” низ аз хонандагонаш номаҳои зиёде гирифт, ки оё метавонанд ба Ӯзбекистон сафар кунанд. Аз ҷумла як муҳоҷири тоҷик аз Русия пурсид, ки оё ӯ метавонад бо шиносномаи Тоҷикистон бидуни виза аз Русия тавассути Самарқанд баргардад ва маконҳои муқаддаси он диёрро зиёрат кунад?

Як манбаи муталлеъ дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12 март ба хабаргузории "Азия Плюс” гуфт, бо вуҷуди имзо шудани созишномаи нав дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон шаҳрвандони Тоҷикистон набояд барои сафар ба Ӯзбекистон шитоб кунанд, зеро онҳоро дар марз имкони убур намедиҳанд.

Ин манбаъ гуфтааст: "Дарвоқеъ, дар созишномаи зикршудаи санаи 9июн дар Душанбебаимзорасида равуои шаҳрвандони ҳарду ду давлат ба қаламрави кишварҳо бидуни раводи ба муддати то як моҳ пешбинӣ шуда, аммо ин созишномаро аввал боядпарлумонҳои кишварҳо тасдиқ кунанд ва танҳо баъди ин он мавриди амал қарормегирад

Ҳамсӯҳбати "Азия Плюс” гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон талош хоҳанд кард, то созишнома дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон аз сӯи парлумонҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳарчӣ зудтар, шояд дар зарфи то як моҳ тасвиб шавад. Маъмулан тасвиби созишномаҳои байнидавлатӣ ҳадди ақал се моҳро дар бар мегирад.

Дар ҳоли ҳозир, фақат сокинони ноҳияҳои воқеъ дар тӯли марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ҳақ доранд ба мӯҳлати то 5 рӯз ба кишвари ҳамсоя бе виза сафар кунанд.

Рӯзи 9 март раисиҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев шахсан созишномаи нав дар бораи тартиби равуои шаҳрвандонро имзо карданд. Бар асоси ин созишнома, сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳақ доранд ба муҳлати то 30 рӯз бидуни виза ба қаламрави кишварҳои якдигар сафар кунанд.

Ин созишнома яке аз муҳимтарин дастовардҳои сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон шумурда мешавад. Дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар беш аз 40 созишнома, аз ҷумла 27 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.

Ӯзбекистон дар соли 2000, дар пайи кӯшиши ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба Дараи Ниҳон дар вилояти Сурхондарё бо Тоҷикистон виза ҷорӣ кард ва марзҳояшро минакорӣ кард. Мақомоти Ӯзбекистон мегуфтанд, ки ин ҷангиён соли 1999 аз қаламрави Тоҷикистон вориди Сурхондарё шудаанд. Душанбе дар пайи ин ҳамла ва боз як ҳамлаи дигари ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба Қирғизистон ҷангиёни он созмонро ба Афғонистон ронд, вале визаи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва ҳамчунин майдонҳои минакоришуда дар марзи ин ду кишвар боқӣ монд.

Тоҷикистон аз байни кишварҳои СНГ ягона кишварест, ки бо Ӯзбекистон виза дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон