ПОЛША ДАРХОСТИ ПАНОҲАНДАГИИ ЯКЕ АЗ АСОСГУЗОРОНИ ҲНИТ-РО РАД КАРДААСТ

Қаландар Садурдинов

Мақомоти муҳоҷирати Полша (Лаҳистон) дар аввали моҳи март дархости паноҳандагии Қаландар Садурдинов, яке аз асосгузорони ҲНИТ-ро рад кардааст. Қаландар Садурдинови 70-сола моҳи сентябри соли 2017 ҳамроҳи зану 6 фарзандаш вориди Полша шуда буд. Ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо соли 2016 дархости паноҳандагии 153 тоҷикро рад кардааст.

 

Як манбаи огоҳ аз вахъи паноҳҷӯёни тоҷик дар Полша (Лаҳистон) рӯзи 12 март дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” тасдиқ кард, ки мақомоти муҳоҷирати ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо чанд рӯз пеш дархости паноҳандагии Қаландар Садурдинов, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро рад кардаанд. Қаландар Садурдинов, ки 70 сол дорад, моҳи сентябри соли 2017 аз тариқи гузаргоҳи Брести Беларус вориди Полша шуда, аз ин кишвар паноҳандагӣ хоста буд. Ӯ мавриди таъқиботи сиёсӣ қарор гирифтани худу наздиконаш дар Тоҷикистон баъди манъи фаъолияти ҲНИТ-ро далели паноҳ ҷустанаш дар Аврупо ном бурда буд.

Ҳамсуҳбати "Ахбор” мегӯяд, дар ҳоли ҳозир вакили мудофеи Қаландар Садурдинов машғули таҳияи аснод бо талаби бознигарии қарори радди дархости паноҳандагии ӯст: "Ҳоло адвокат машғули қазияи Қаландар Садурдинов аст, вале чун ин вакили мудофеъ аз як созмони ғайридавлатист, тибқи муқаррароташон, ҳаққи расонаӣ кардани маълумот дар бораи зерҳимояашро надорад. Аз ин рӯ, далели рад шудани дархости паноҳандагии Қаландар Садурдиновро нагуфт ва ман ҳам дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Азбаски домулло пиру ранҷур аст, шояд дар мусоҳиба бо намояндаи идораи муҳоҷирати Полша мушкилоташро дуруст баён карда натавонистааст. Ё шояд тарҷумон ғайриҳирфаӣ буд. Инҷо аксари тарҷумонҳо аз форсиву дарӣ мебошанд ва барои паноҳҷӯёни тоҷик тавассути онҳо расондани мушкилоти худ ба мақомоти муҳоҷирати Полша як андоза мушкил аст.”

Далели дигари рад шудани дархости ветерани ҲНИТ, ба гуфтаи ин манбаи огоҳ аз вазъи паноҳҷӯён дар Полша, метавонад худи сиёсати ҳукумати кунунии ин кишвар нисбат ба паноҳҷӯён бошад. Ҳукумати кунунии Полша мавқеи ошкоро зидди муҳоҷирон дорад.

Қаландар Садурдинов яке аз асосгузорони ҲНИТ ном бурда мешавад. Масъулони ҲНИТ таърихи ин ташаккули сиёсиро аз соли 1973, аз ҷаласае бо ширкати 5 нафар дар манзили Қаландар Садурдинов дар Қӯрғонтеппа ҳисоб мекунанд.

Худи Қаландар Садурдинов соли 2013, ки 40-солагии ҲНИТ таҷлил мешуд, дар як мусоҳиба бо Мирзои Салимпур гуфт, онҳо дар оғоз кадом ҳадафи мубориза бо давлати Шӯравиро надоштанд, балки талоши онҳо танҳо табиати маърифатӣ дошт:"Мо, албатта, сиёсати Русияро ҳанӯз хуб намедонистем, аз таърихи ҷавонбухориҳо низ огоҳии зиёд надоштем. Ба сурати ҷаласа ҳам набуд, вале фикрҳое дар сар доштем, ки ҳуқуқи худро чигуна талаб кунем. Дар он замон талаби ҳуқуқ осон набуд, агар заррае садо мебаровардӣ, масъалаат ҳалл мешуд. Дар он нишаст ман будам, Абдуллоҳи Нурӣ буд, Одинабеки Абдусалом, Неъматуллоҳи Эшон ва Қорӣ Муҳаммадҷони Муҳиддин. Се масъаларо гузоштем мо. Якум, чӣ кор кунем, ки мардумро бо фарҳанги исломӣ бештар шинос кунем, чунки мардум бисёр дар торикӣ қарор гирифта буд. Дувум, мубориза бо бидъату хурофоте, ки дар он замон хеле аз домани мардум гирифта буд ва ҳамин бадъатҳоро Ислом медонистанд. Ва сеюм ҳадаф ин буд, ки сукути уламоро бишканем. Аммо мо аз инаш намедонистем, ки ин кори мо паёмад дорад.”

Ӯ дар он мусоҳиба ҳамчунин гуфт, албатта, дар солҳои аввал онҳо худро як созмони ҷавонон мегуфтанд, ё ҳаракати ҷавонон, на ҳизби наҳзати исломӣ, вале бо ҳар вуҷуд, ҲНИТ меваи талошҳоест, ки аз ҳамон ҷаласаи соли 1973 дар манзили ӯ оғоз мегирад:"Дуруст аст, ки ҳизбро соли 1991 сабтином карданд. Аммо ин ҳаракат ҳамчун як ҷунбиши сиёсиву фарҳангӣ аз ҳамонҷо бархост. ҲНИТ баъдҳо аз ягон ҷои дигар шакл нагирифт, балки шаклгириаш аз ҳамон ҷаласаи баҳори соли 1973 аст.”

Ба навиштаи нашрияи интернетии "Евразиянет”, Қаландар Садурдинов аз замони вурудаш ба ин кишвар таҳти табобат қарор дорад. Ӯ аз дарди ҷигар ва осеби мағзи сар табобат мегирифт. Зану 6 кӯдаки вай дар як урдугоҳи паноҳҷӯён дар Бела Подляска, дар наздикии марзи Полша бо Беларус қарор доштаанд.

"Евразиянет” менависад, Садурдин Қаландаров яке аз паноҳҷӯёни сафашон афзоянда аз Тоҷикистон аст, ки мақомоти Полша дархости паноҳандагии онҳоро рад мекунанд. Дар соли 2017 Полша дархости паноҳандагии 153 паноҳҷӯи тоҷикро гардондааст.

Бино ба омори овардаи ин нашрия, дар соли 2016 882 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд. Соли 2017 шумори паноҳҷӯёни тоҷик дар Полша то ҳадди 154 нафар коҳиш ёфт. Аз ҷумла ба далели рад шудани дархостҳои паноҳҷӯёни тоҷик аз ҷониби ин кишвар.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон