ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ КИСТ? (ВИДЕО)

Баъди президенти Ӯзбекистон шудани Шавкат Мирзиёев равобити Тошканду Душанбе баъди беш аз ду даҳсолаи "ҷанги сард” рӯ ба гармшавӣ овард. Дар сиёсати дохилии Ӯзбекистон низ Мирзиёев дар як муддати кӯтоҳ ислоҳоти азиме анҷом дод ва давлате, ки дар аҳди Ислом Каримов саркӯбгартарин режими Осиёи Марказӣ дониста мешуд, ҳоло ҷомаи комилан нави ислоҳталаби рақами як дар минтақаро ба тан кардааст.

Ҳамагӣ ду сол пеш, ки Ӯзбекистон дар панҷаҳои оҳанини Ислом Каримов қарор дошт, касе ҳадс ҳам намезад, ки Каримов аз олам чашм мепӯшад ва марги ӯ дари ислоҳотро дар Ӯзбекистон боз мекунад. Ва раҳбарии ин ислоҳотро Шавкат Мирзиёев, нафаре, ки 13 сол дар мақоми сарвазири ҳукумати Каримов хомӯшона кор мекард, ба дасти худ мегирад.

Шавкат Мирзиёев 24 июли соли 1957, бино ба бархе манобеъ, дар деҳаи Яқтони ноҳияи ҒончииТоҷикистон ва бино ба манобеи дигар, дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба дунёомадаастОнчӣ бидуни баҳс астаз вилояти Суғди Тоҷикистон будани решаи аҷдоди раҳбарикунунии Узбакистон аст.

Соли 1981 Донишкадаи обёрӣ ва хоҷагии оби Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. Парвози ӯ ба қуллаҳои қудрат асосан дар даврони раҳбарии Ислом Каримов сурат гирифтМирзиёев солҳои 1992-1996 ҳокими ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошкандсолҳои 1996-1999 ҳокимивилояти Ҷиззах ва аз 2001 то 2003 ҳокими вилояти Самарқанд буд. Маҳз дар давраи раҳбарӣ барзодгоҳи Ислом Каримовӯ ба клани Самарқанд наздик шуд ва 12 декабри соли 2003 ба мақомисарвазири Узбекистон расид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шавкат Мирзиёев аввалин сарвазире дар таърихи навини Узбекистон буд, ки тавонист муддати аз ҳама бештар  13 сол – раҳбарии кобинаи вазирони Каримовро дар даст нигоҳ бидорад.

Бо тамкин, тавозӯъ ва сабреки намоиш додШавкат Мирзиёев ин курсиро то дами марги ИсломКаримов дар таърихи 2 сентябри соли 2016 нигоҳ дошт.

Баъди даргузашти раисиҷумҳури нахустини Узбекистон то баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлатзимоми раёсати кишварро на ба раиси Сенатки Қонуни асосӣ муқаррар кардаастбалки баМирзиёев супурданд ва дигар яқин будки интихоби нухбагони сиёсии Узбекистон дар масъалаивориси тахти Каримов рӯи ӯ қарор гирифтааст.

Мирзиёев дар интихоботи моҳи декабр 88 дарсади овозҳоро ба даст овард ва барои 5 сол қонунанраҳбари аввали Узбекистон шуд.

Гуфта мешуд, ки Шавкат Мирзиёев як номзади компромисӣ аст ва дар асл бар Узбекистон сегона ё триумвирати иборат азхуди Мирзиёев ва ду рақиби пурнуфузаш  муовини сарвазир Рустам Азимов ва раиси Хадамотиамнияти миллӣ Рустам Иноятов муштаракан ҳукм хоҳанд ронд.

Мирзиёев дар моҳҳои аввали раҳбариаш ҳатто ин тақсими қудрат бо ду рақиби асосиашро низ ботамкин ва тавозӯъ пазируфт, вале маълум буд, ки дар як лона се хирс куҷоҳатто ду хирснамегунҷандМирзиёев танг кардани рақибонаш аз саҳнаро аз рақиби заифтаряъне Рустам Азимовсар кард.

Ӯ моҳи марти умури ислоҳоти иқтисодиро аз дасти Азимов гирифтаба мушовираш Содиқ Сафоевсупурд ва ба худи Азимов "маслиҳат” додки машғули рушди ... лимонпарварӣ ва чӯҷапарварӣ дархоҷагиҳои деҳқонӣ шавад. Ва алакай дар моҳи май эълон шудки Рустам Азимов аз мақоми муовинисарвазир барканор ва ба як ширкати суғурта "бадарға” шудааст.

Баъди Рустам Азимов навбати Рустам Иноятов омад. Дар соли 2017 генерал Шӯҳрат Ғуломов, муовини пурнуфузи Иноятов боздошт ва ба ҳабси умрбод маҳкум шуд. Дар поёни моҳи январи соли 2018 Мирзиёев билохира худи Иноятовро баъди 23 соли раҳбариаш бар СНБ аз мақом барканор кард. Ҳамроҳи Иноятов тақрибан тамоми аъзои командаи ӯ, ки дар тӯли солҳои зиёд Ӯзбекистонро дар чанги тарсу ваҳшат нигоҳ медоштанд, тарки мақом карданд.

Омиле, ки дар ин бозиҳои сиёсӣ дар арши Тошканд ба тарафи Мирзиёев бозӣ мекунадпуштибониимардум астчунки Мирзиёев нишон дода истодаастки баъди президент шудан ҳам ӯ мардумгаро боқӣ мондаастСӯҳбатҳои ғайрипротоколӣ бо мардумкушодани қабулгоҳҳои президент бароишунидани шикояти аҳолӣ дар ҳар шаҳру ноҳия ва интиқоди мансабдорони азхудрафта дар маҳзариом - чизҳоест ки аз ӯ дар чашми мардуми оддӣ симои як "подшоҳи одил"-ро месозад ва рақибонашкоре бо костани обрӯи ӯ карда наметавонанд.

 

Шавкат Мирзиёев дар замони сарвазириаш дӯст медошт, ки либоси оддӣ пӯшида ва бидуни муҳофоизон ба ягон идора ё бозор сар бизанад, то бо вазъи воқеӣ мустақиман ошно шавад.

Аз ҷумла ӯ як дафъа бо як либоси назарногир дар тан писарчаи ҳамсояро гирифта, ба як боғчаи кӯдакон рафтааст, ки оё ин кӯдакро бе пул ба боғча мегиранд ё на? Дар онҷо ба ӯ гуфтанд, ки мунтазир бишинад ва вақте "апа”, яъне мудири боғча омад, бо ӯ гап занад. Дар ин ҳангом кормандони боғчаи кӯдакон гӯштбирён мепухтанд. Мирзиёев аз онҳо пурсид, ки ин ғизо барои кӯдакон аст? Ба ӯ гуфтанд, ки "кӯдакон хок хӯранд, ин ҳама барои "апа” аст.” Баъди бозгашташ ба ҷои кор Мирзиёев вазири маориф ва он мудири боғчаро ба ҳузур хонда, ҳамонҷо ҷавоби "апа”-ро дода буд.

Ду сол пеш вақте Мирзиёев худро мариз гирифта, ба як бемористони Тошканд рафт ва ӯро ду соат дар навбат нигоҳ доштанду дар охир ба сараш дод ҳам заданд, баъди баргаштан ба ҷои кор сартабиби он бемористонро бо мудирони тамоми шӯъбаҳояш аз кор барканор карда буд.

Вале як дафъа вақте ӯ ҳамин тавр, бо либоси оддӣ ба бозор сар зад, ки аз вазъи воқеии нарху наво хабар ёбад, нонфурӯше ӯро шинохт ва вақте Мирзиёев аз вай пурсид, ки "нонат чанд пул?”, ин нонфурӯш посухаш дод, ки "барои шумо бепул. Ман медонам, ки шумо Мирзиёев ҳастед ва мисли халифа Ҳорун-ар-Рашид нонамоён байни мардум мегардед, ки аҳволи воқеиро бифаҳмед.”

Баъди президент шуданаш низ Мирзиёев аз айни шеваи мардумгароӣ кор мегирад. Ӯ бисёр вақт дар сафарҳояш аз масири протоколӣ хориҷ шуда, ба ҷои мактаб ё бемористоне, ки барои сафари вай омода кардаву бо шиорҳо зиннат додаанд, ба ягон бемористон ё мактаби барои истиқболи президент ноомода сар мезанад. Мирзиёев ҳамин тавр, корвони мошинҳояшро дар роҳ дар назди мардум ногаҳон нигоҳ дошта, аз мошин пиёда мешавад ва бо мардум суҳбат мекунад.

Як дафъа вақте корвони мошинҳояш аз назди як хонаи азодор мегузашт, Мирзиёев мошинро манъ кард ва вориди он манзил шуда, ба наздикони марҳум таъзия баён карду ба арвоҳаш дасти дуо кушод.

 

 

 

Аммо ончӣ ки ба равобити Тоҷикистону Узбекистон марбут мешавадоғози об шудани пиряхҳоестки дар тӯли солиёни раҳбарии Каримов байни Душанбеву Тошканд ҷамъ шудаандДар муддатикамтар аз як сол чархиши ҷиддие дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастПеш азҳамаин азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошканд баъди 25 сол будБоз шуданироҳи сафарҳои ҳунарии овозхонҳои узбек ба Тоҷикистонбаргузории нахустин намоишгоҳимаҳсулоти Узбекистон дар Душанбе, ифтитоҳи дубораи гузаргоҳҳои марзӣ, тағйири лаҳни гуфтугӯбайни ду ҳамсоя ва инак, сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистонбисёриҳоро нисбат ба дурнамоиравобити Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле хушбинтар кардааст. Худи Мирзиёв ахиран гуфт, Тошканд бояд равобиташ бо ҳамсояҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистонро хуб кунад, чунки "ҳамсояи бадро Худо ҳам намебахшад.”

Шавкат Мирзиёев ва ҳамсарашЗироатхон (Ойхон) Маҳмудовна Ҳошимова, ки ҳамсабақи ӯ дарДонишкадаи обёрии Тошканд будсе фарзанд  ду духтар Саида ва Шаҳноза ва як писар бо номиАлишер дорандЧанде пеш гузориш шуда будки Шавкат Мирзиёев домодаш Ойбек Турсуновро муовини раиси Идораи коргузории президент ва домоди дувумаш Отабек Шохоновро муовини аввали сардори хадамоти муҳофизонаш таъйин кардааст. Ойбек Турсунов шавҳари духтари калониипрезиден Саида Мирзиёева ва Отабек Шохонов шавҳари духтари хурдиаш ШаҳнозаМирзиёева мебошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон