расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Баҳром Иноятзодаро ба СИЗО бурдаанд. Наздикон: "Се рӯз хӯрок нагирифт". Вакил: "Вазъаш хуб аст"

Асосӣ / Ҷомеа

Баҳром Иноятзодаро ба СИЗО бурдаанд. Наздикон: "Се рӯз хӯрок нагирифт". Вакил: "Вазъаш хуб аст"




Баҳром Иноятзода як сол ҳамчун раиси шаҳри Кӯлоб кор кард
Пайвандони раиси собиқи шаҳри Кӯлоб гуфтанд, баъд аз он ки Баҳром Иноятзода аз шифохона ба боздоштгоҳ интиқол ёфт, дубора вазъи саломатиаш бад шудааст.
Иноятзода 8-уми июни имсол бо иттиҳоми гирифтани "пора" боздошт шуд. Ӯро пас аз мубтало шудан ба коронавирус дар шифохонаи сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ карда буданд.
Манобеи расмӣ мегӯянд, бо далели беҳ шудани вазъи саломатиаш ӯро дубора ба СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд.
Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "пас аз табобат ёфтан аз коронавирус, хуни бародарам ғафс шудааст, пойҳояш варам кардаанд ва дилаш дард мекунад."
Вай иддао кард, ба пизишконе, ки бародарашро қаблан табобат мекарданд, иҷозаи вуруд ба боздоштгоҳро надодаанд: "Ба ягон нафар аз наздикон ҳам иҷозаи вохӯрӣ надоданд. Вазъияташ дубора нохуб шуд. Худашон як духтурро бурдаанд ва мо то ҳол намедонем, саломатиаш беҳтар шудааст, ё не. На писар ва на ҳамсарашро ба назди ӯ роҳ надоданд."
Парвандаи раиси пешини шаҳри Кӯлобро муфаттишони Додситонии вилояти Хатлон таҳқиқ доранд. Ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки гуё барои додани қитъаи замин ба сокинон 400 ҳазор сомониро ҳамчун “пора” гирифтааст. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ гуноҳ надорад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, “ҳафтаи гузашта Баҳром Иноятзода се рӯз гуруснанишинӣ кард”. Манбаъ мегӯяд, раиси собиқи Кӯлоб ба ин васила хостааст, баъзе иттиҳомот аз парвандааш берун карда шуда, худаш бо табобати дуруст фаро гирифта шавад.
Дар тамосҳои батакрори мо мақомот ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Таъйиди дурустии он аз манобеи дигар ҳам феълан ғайриимкон аст.
Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, мегӯяд, аз гуруснанишинии бародараш хабар надорад, вале тасдиқ кард, ки ӯ се рӯз аз гирифтани хӯроки бурдаи наздикон даст кашидааст. "Гуфтааст, ки хӯрок наоред. Дар коғаз ба ҳамсараш навиштааст, дигар хӯрок наоред, ки намефорад. Дигар аз ҳеч чиз дарак надорем", -- гуфт ӯ.
Хусрав Аюбӣ, вакили мудофеи Баҳром Инотязода дар суҳбати кӯтоҳ гуфт, рӯзи 25-уми август бо нафари таҳти ҳимояташ вохӯрд ва ӯ аз саломатиаш шикоят надошт.
Вакили мудофеъ тафсилот надод ва гуфт, ҳаққи суҳбат дар бораи парвандаро надорад, чун ба мақомот дар бораи фош накардани ҷузъиёт забонхат додааст.
Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 16-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфта буд, шаҳрдори собиқи Кӯлоб дар 12 ҳолат барои ҷудо кардани қитъаи замин “пора” талаб кардааст.
Ба гуфтаи додситон, нисбат ба Баҳром Иноятзода бо қисми 4-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ ё гирифтани ришва дар ҳаҷми калон ва аз ҷониби роҳбари мақомоти маҳаллӣ парванда кушода шудааст. Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба Иноятзода то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Додситони кулли Тоҷикистон ҳам гуфта буд, Баҳром Иноятзода барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин", ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Баҳром Иноятзода дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.
Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони сари кор буданаш боздошт мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.