ВОҲИДОВА ФАЙЗИНИСО КУҶОВУ ҲУҚУҚШИНОСӢ КУҶО?

ВОҲИДОВА ФАЙЗИНИСО КУҶОВУ ҲУҚУҚШИНОСӢ КУҶО?

 

Даъвои ҳуқушинос Воҳидова Файзинисоро дар хусуси бознигарӣ кардани иттиҳомот нисбати боздоштшудагон бо ҷурми алоқамандӣ бо ДИИШ ва барафрохтани парчами ин ташкилоти террористӣ хондаму ҳарчанд бо қазияҳои зикргардида иртиботе надошта бошам ҳам, масъулияти тахассусӣ (ман ҳам мисли Воҳидова Ф. адвокат мебошам) оромам нагузошт, ки онро бепосух монам. 
Файзинисо Воҳидова гарчанде солҳои тулонӣ ба ҳайси адвокат фаъолият дошта бошад ҳам, ақидаҳои ибрознамудааш нисбати кирдорҳои содиршуда яктарафа ва беасос мебошанд. Кас ба ҳайрат мемонад, ки чӣ хел як нафари аз нигоҳи худаш, ҳуқуқдон оид ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ бидуни андеша, саҳлангорона ва бемантиқ хулосабарорӣ мекунад.
Ба андешаи банда, ҳуқуқшиносе, ки худро эҳтиром мекунад, аввал бояд кирдори содиршударо дар асоси маљмӯи далелҳои мављуда дар чорчӯбаи қонунгузории амалкунандаи мурофиавии љиноятӣ баҳогузорӣ карда, баъдан ҳамчун мутахассиси ин соҳа ибрози ақида намояд.
Қазияе, ки Воҳидова Ф. нисбаташ фикри оммиёна ва кӯчагии худро ироа доштааст, тавассути воситаи ахбори омма якчанд маротиба паҳн гардид. Аз рӯи хабари пешниҳодшуда фаҳмидан мумкин аст, ки сараввал оид ба ҳодисаи дар боми хонаи шаҳрванд Саидов Нусратулло дарёфт кардани парчамҳои ба ДИИШ мансуббуда бо аломати љинояти дар моддаҳои 32 қисми 1 (тайёрӣ ба љиноят) ва 307 қисми 1 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Љумҳурии Тољикистон) Кодекси љиноятии Љумҳурии Тољикистон парвандаи љиноятӣ оғоз карда шудааст. Баъди аниқ намудани ҳолатҳои аслии кор албатта мақомоти тафтишотӣ нисбати Партоев Қурбоналӣ бо моддаи 346 қисми 2-и Кодекси љиноятии Љумҳурии Тољикистон, ки барои дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ бо гунаҳгор кардан ба содир намудани љинояти вазнин бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ љавобгарии љиноятиро муқаррар мекунад, парвандаи љиноятӣ оғоз кардааст. 
Воҳидова Ф. чунин сурат гирифтани қазия, яъне имконияти аз ҷониби шахси дигар насб кардани парчами ДИИШ бо ҳадафи бадном кардани ашхоси алоҳида мавҷуд буданашро асос намуда, изҳор кардааст, ки бояд «парвандаи нафарони бо ин мода ва айнан бо ҳамин фарзия судшуда бознигарӣ карда шавад». Ин хулосабарорӣ албатта бо дарки пасти масоили ҳуқуқӣ анљом дода шудааст ва Воҳидова Ф. нағз медонад, ки ҳар як кирдори љиноятии содиршуда дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Гарчанде, љиноятҳои номбурдаи ӯ аз рӯи шакли содиршавӣ якхела бошанд ҳам, лекин дар рафти тафтиши парвандаҳои љиноятӣ ҳар як ҳолат мавриди тафтиши ҳаматарафа қарор гирифта, танҳо дар асоси далелҳои муътамади љамъовардашуда кирдорҳои ашхоси љиноятсодирнамуда банду баст карда мешавад. Баъди ба итмомрасии тафтишоти пешакӣ парвандаи љиноятӣ дар мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда дар рафти он ҳолатҳои кор боз як маротиба аз аввал мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гунаҳгории шахс бо ҳукми суд муайян карда мешавад.
Воҳидова Ф. бошад, ба маънии пурраи ҳолатҳои кор сарфаҳм нарафта, фикрҳои мантиқан нодурусти худро бармаҳал нисбати тафтиши пешакии парвандаи љиноятии бо ин қазия оғозшуда баён кардааст. Аммо гап аслан сари ин ҳам нест. Ӯ аз гурӯҳи ашхосе ҳаст, ки ба ҳама кору ҳама ҷо бояд сар халанд. Дар тамоми вилояти Суғд мардум медонанд, ки ҳар кори даст задаи Воҳидова Ф. ба ҳайси адвокат оқибати нек надоштааст. Зеро «пои номубораки Маҳмуд, ба ҳар ҷо расад барорад дуд». Дараҷаи «професионализм»-и ҳуқуқии ӯ аз ҳамин навиштааш бар меояд. Дигар чӣ ҳоҷат аст ба сарф кардани вақти худ ва исботи қазия барои ӯ. Бузурге гуфтааст, ки «газидани занахдони худ басе осонтар аз он аст, ки аблаҳеро (яъне Воҳидова баринҳоро) дар баҳс қаноатбахш намудан».

Салимҷони Абдураҳмон

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон