ТУРКИЯ ЯК УЗВИ ҲНИТ-РО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД

Мақомоти Туркия Нӯъмонҷон Шарипов, яке аз фаъолони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Нӯъмонҷон Шарипов рӯзи 4 феврал дар шаҳри Истамбул дастгир шуд ва ба гуфтаи вакили мудофеаш, ӯро алакай рӯзи 16 феврал бо ҳавопаймо ба Душанбе фиристодаанд.

Вакили мудофеи Нӯъмонҷон Шарипов ба сомонаи "Паём” хабар додааст, ки ӯ ва писари муваккилаш рӯзи 16 феврал ба идораи муҳоҷирати Туркия рафта, аз омодагии Шарипов барои рафтан ба кишвари сеюм хабар додаанд. Вале рӯзи душанбе, 19 феврал, вақте онҳо бо билети ҳавопаймо ба ин идора баргаштаанд, ба онҳо гуфтаанд, ки Нӯъмонҷон Шариповро ҳамон рӯзи 16 феврал ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

 

Федератсияи Дидгоҳи ҳуқуқи башар (HRVF) хабар дод, ки Нӯъмонҷон Шариповро рӯзи ҷумха консули Тоҷикистон дар Истамбул Мирзобиддин Сафаров ва корманди консулгарӣ Фирдавс Холиқов ба фурудгоҳи Отатурк оварда, соати 11 ба вақти маҳаллӣ ба ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр” савор кардаанд.

Бар асоси кадом ҳукми додгоҳ ё ягон идораи дигари давлати Туркия истирдод шудани ин узви ҲНИТ маълум нест. Вале мусофирони парвози рӯзи 16 феврали Истанбул – Душанбе низ тасдиқ кардаанд, ки ӯро бо мошини сафорати Тоҷикистон ба фурудгоҳи Отатурк оварда, ба ҳавопаймои роҳии Душанбе савор кардаанд.

Дар бораи сарнавишти ӯ баъди расиданаш ба Тоҷикистон иттилое дастрас нест.

Нӯъмонҷон Шарипов, зодаи Ворух ва собиқ роҳбари комиссияи тафтишотии ҲНИТ дар вилояти Суғд, ки баъди фирораш аз Тоҷикистон дар Туркия ба тиҷорат машғул буд ва дар маркази шаҳри Истамбул як чойхонаи тоҷикиро мечархонд, нимаи дуюми рӯзи 4 феврал бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар назди чойхонааш дар кӯчаи Кумкапи дастгир шуд. Бино ба маълумоти HRVF, Шарипов то 10 феврал дар боздоштгоҳи шуъбаи пулиси Кадирга ва аз 10 феврал то замони истирдодаш ба Тоҷикистон дар боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷӣ (Yabancilar subesi) дар минтақаи Пендик нигоҳ дошта мешуд.

Нӯъмонҷон Шарипов дар поёни соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон, тарки кишвар карда, ба Туркия паноҳ бурда буд. Вакили дифои Нӯъмонҷон Шарипов гуфта буд, қазияи ӯ комилан сиёсӣ буда, Шариповро бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон қазияи Нӯъмонҷон Шариповро то ҳол шарҳ надодаанд. Вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ба зидди Шарипов дар Тоҷикистон бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ – 187 (ташкили созмони ҷиноӣ) ва 307 (даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

 

Нӯъмонҷон Шарипов 1 апрели соли 1962 дар ҷамоати Ворухи Исфара ба дунё омада, ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ Донишкадаи металлургии шаҳри Свердловск (ҳоло – Екатеринбург)-и Русияро бо ихтисоси муҳандис хатм кардааст.

Нӯъмонҷон Шарипов аз аъзои собиқадори ҲНИТ ба шумор рафта, то манъи фаъолияти ин ҳизб дар моҳи сентябри соли 2015, узви раёсати вилоятии ҲНИТ ва ҳам раиси комиссияи тафтишотии ҲНИТ дар вилояти Суғд буд. Нӯъмонҷон Шарипов ҳамчунин дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 ба намояндагӣ аз ҲНИТ дар ҳавзаи Исфара ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 28 сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар расман манъ кард ва ин ҳизбро ба ҳарду рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил кард. Мақомот ҲНИТ-ро ба ташкил ва роҳбарии шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим айбдор мекунанд. Вале намояндагони ҲНИТ инро рад карда мегӯянд, ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим танҳо баҳонае барои амалӣ сохтани нақшаи аз пеш таҳияшуда барои бастани ин ташаккули умдаи мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.

Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ даҳҳо нафар аз аъзо ва тарафдорони он дар Тоҷикистон боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд. Садҳо нафари дигар аз тарси таъқиб тарки Тоҷикистон карда, қисме ба Русия, қисме ба Туркия ва як қисми дигар ба Аврупо паноҳ оварданд.

Нӯъмонҷон Шарипов низ баъди манъи фаъолияти ҲНИТ ба Туркия омад ва дар Истамбул як чойхонаи тоҷикиро таъсис дод. Маълум нест, ки оё баъди ҳиҷраташ ба Туркия ӯ бо ҲНИТ робита ва ҳамкорӣ дошт ё на, вале сомонаи "Паём” менависад, ки қабл аз боздошташ як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо Нӯъмонҷон Шарипов вориди музокира шуда, ба вай пешниҳод додааст, ки бидуни ягон андешаву тарс ба Ватан баргардад.

Истирдоди Нӯъмонҷон Шарипов аз Туркия ба Душанбе дар ҳолест, ки муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ахиран дар як мусоҳиба бо расонаҳои туркӣ дар Истамбул аз ҳукумати Туркия ситоиш кард, ки ба аъзои ҲНИТ иҷозати фаъолият дар ин кишварро надод ва фаъолони ин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро берун кард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон