БОЗДОШТИ ЯКЕ АЗ ФАЪОЛОНИ ҲНИТ ДАР ИСТАМБУЛИ ТУРКИЯ

Нӯъмонҷон Шарипов

Нӯъмонҷон Шарипов, яке аз фаъолони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) шоми 4 феврал бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудааст. Нӯъмонҷон Шарипов, зодаи Ворух ва собиқ роҳбари комиссияи тафтишотии ҲНИТ дар вилояти Суғд, солҳои охир дар Истамбул як чойхонаи тоҷикиро мечархонд.

 

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Нӯъмонҷон Шарипов, собиқ узви раёсати бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ва раиси собиқи комиссияи тафтишоти ин ҳизби мухолиф дар ин вилоят, шоми 4 феврал дар назди чойхонааш дар маркази Истамбул аз ҷониби пулис дастгир шудааст.

Нӯъмонҷон Шарипов дар поёни соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон, тарки кишвар карда, ба Туркия паноҳ бурда буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ дар инҷо ба тиҷорат машғул буд ва дар маркази Истамбул чойхонаи тоҷикӣ кушода буд.

Вакили дифои Нӯъмонҷон Шарипов ба сомонаи "Паём” гуфтааст, ки қазияи ӯ комилан сиёсӣ буда, Шариповро бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон қазияи боздошти Нӯъмонҷон Шариповро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Нӯъмонҷон Шарипов 1 апрели соли 1962 дар ҷамоати Ворухи Исфара ба дунё омада, ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ Донишкадаи металлургии шаҳри Свердловск (ҳоло – Екатеринбург)-и Русияро бо ихтисоси муҳандис хатм кардааст.

Нӯъмонҷон Шарипов аз аъзои собиқадори ҲНИТ ба шумор рафта, то манъи фаъолияти ин ҳизб дар моҳи сентябри соли 2015, узви раёсати вилоятии ҲНИТ ва ҳам раиси комиссияи тафтишотии ҲНИТ дар вилояти Суғд буд. Нӯъмонҷон Шарипов ҳамчунин дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 ба намояндагӣ аз ҲНИТ дар ҳавзаи Исфара ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 28 сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар расман манъ кард ва ин ҳизбро ба ҳарду рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил кард. Мақомот ҲНИТ-ро ба ташкил ва роҳбарии шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим айбдор мекунанд. Вале намояндагони ҲНИТ инро рад карда мегӯянд, ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим танҳо баҳонае барои амалӣ сохтани нақшаи аз пеш таҳияшуда барои бастани ин ташаккули умдаи мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.

Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ даҳҳо нафар аз аъзо ва тарафдорони он дар Тоҷикистон боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд. Садҳо нафари дигар аз тарси таъқиб тарки Тоҷикистон карда, қисме ба Русия, қисме ба Туркия ва як қисми дигар ба Аврупо паноҳ оварданд.

Нӯъмонҷон Шарипов низ баъди манъи фаъолияти ҲНИТ ба Туркия омад ва дар Истамбул як чойхонаи тоҷикиро таъсис дод. Маълум нест, ки оё баъди ҳиҷраташ ба Туркия ӯ бо ҲНИТ робита ва ҳамкорӣ дошт ё на, вале сомонаи "Паём” менависад, ки қабл аз боздошташ як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо Нӯъмонҷон Шарипов вориди музокира шуда, ба вай пешниҳод додааст, ки бидуни ягон тарсу андеша ба Ватан баргардад.

Боздошти Нӯъмонҷон Шарипов дар Туркия дар ҳолест, ки муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳафтаи гузашта дар як мусоҳиба бо расонаҳои туркӣ дар Истамбул аз ҳукумати Туркия ситоиш кард, ки ба аъзои ҲНИТ иҷозати фаъолият дар ин кишварро надод ва фаъолони ин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро берун кард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон