«Истиқболи ҷавонон аз Паёми Пешвои миллат» дар осорхонаи вилоятии Хатлон

ҚӮРҒОНТЕППА, 06.01.2017. Дар  осорхонаи вилоятии  ба  номи «Авасто»-и  Хатлон   дар  мавзӯи «Истиқболи ҷавонон аз Паёми Пешвои миллат» ҷамъомад доир гардид. Дар он донишҷӯён   ва  хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва аъзои маҳфилҳои назди осорхона иштирок доштанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод.
Иштирокчиёни ҷамъомад дастгирии худро аз сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баён карда,  соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017- ро  хеле  хуш пазируфтанд.
Тавре   аз  шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон иттилоъ  доданд, ҷамъомад   ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон