АГЕНТИИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ФАЪОЛИЯТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО ТАФТИШ МЕКУНАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба санҷиши фаъолияти як соли охири шаҳрдории Душанбе оғоз кардааст. Мақомоти ҳам Агентӣ ва ҳам шаҳрдорӣ мегӯянд, ки ин тафтиш берун аз нақша буда, бо дархости худи раиси ҳукумати пойтахт Рустами Эмомалӣ ва "бо мақсади таъмини шаффофият” дар кори ҳукумати Душанбе сурат мегирад.

 

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як хабари кӯтоҳ дар сомонаи расмиаш бо номи "Рустами Эмомалӣ: Таъмини шаффофият” эълон кард, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолияти як соли охири ҳукумати пойтахтро тафтиш мекунад. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки тафтиш бо дархости худи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ сурат мегирад.

Дар хабари расмии шаҳрдорӣ омадааст:

 

 

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ШАФФОФИЯТИ ФАЪОЛИЯТ

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дархост намуданд.

 

Дар Агентии мубориза бо коррупсия низ гуфтанд, ки санҷиши фаъолияти яксолаи ҳукумати пойтахт берун аз нақша буда, анҷоми онро худи Рустами Эмомалӣ дархост кардааст.

Санҷиши нақшавии фаъолияти идораҳои давлатӣ маъмулан дар ду сол як маротиба анҷом мешавад ва навбати санҷиши нақшавии навбатии шаҳрдории Душанбе моҳи майи соли ҷорӣ буд.

Аммо дар ҳоле ки ҳам шаҳрдорӣ ва ҳам Агентӣ дар бораи оғози санҷиши фаъолияти ҳукумати Душанбе хабар доданд, дар нақшаи чорабиниҳои Агентии мубориза бо коррупсия, ки рӯзи 15 январ дар сомонаи расмиаш нашр шуд, исми шаҳрдории пойтахт нест.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки Агентӣ моҳҳои феврал- апрели соли 2018 таҳлили фаъолият (хафвҳои коррупсионӣ)-ро дар 4 идораи давлатӣ – вазорати корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо ва Кумитаи сохтмон ва меъморӣ – анҷом медиҳад.

Дар камтар аз як соли охир ин алакай дувумин санҷиши ғайринақшавии фаъолияти маъмурияти шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсия аст.

Моҳи феврали соли 2017, як моҳ баъди ба мақоми раиси ҳукумати пойтахт таъйин кардани писари калониаш Рустами Эмомалӣ, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз Агентии мубориза бо коррупсия талаб карда буд, ки то 1 июл фаъолияти маъмурияти қаблии пойтахтро тафтиш карда, ба ӯ гузориш диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон дар он мулоқот ниҳодҳои давлатӣ дар шаҳри Душанберо аз фасодзадатарин ниҳодҳои кишвар ном бурда буд.

Бисёриҳо талаби санҷиши фаъолияти маъмурияти қаблии пойтахтро санге ба полези шаҳрдори собиқ Муҳаммадсаид Убайдуллоев номида, мегуфтанд, натиҷаҳои ин тафтиш метавонад ин мансабдори дар гузашта пурнуфузро ғарқ кунад. Вале бо гузашти инак ним сол аз мӯҳлати таъйиншуда то ҳол натиҷаҳои он тафтиш дар ягонҷо нашр нашуданд ва аслан маълум нест, ки чӣ натиҷае ба бор оварданд. Мақомоти Агентӣ танҳо як маротиба ва он ҳам "дар омади гап” гуфтанд, ки ҳангоми тафтиши 70 бино дар пойтахт ба маблағи тақрибан 8 миллион сомонӣ, ё камтар аз як миллион доллар изофанависиҳо ошкор карда шудаанду тамом.

Ҳоло низ касе бовар надорад, ки Агентии мубориза бо коррупсия барои тафтиши фарогири фаъолияти ҳукумати пойтахт, ки роҳбараш писари раисиҷумҳур аст, ҷуръат бикунад. Зоҳиран ҳадаф аз ин тафтиш маълум кардани мансабдорони поку нопок барои худи Рустами Эмомалист.

Вале дар ҳар сурат, аз ҷониби худи ӯ дархост шудани тафтиши ғайринақшавии фаъолияти яксолаи маъмурияташ обрӯи Рустами Эмомалиро дар ҷомиа боло мебарад. Номи писари калонии президент то кунун дар ягон моҷарои бузурги фасод матраҳ нашудааст ва бисёриҳо чунин мешуморанд, ки ӯ дар як хонаводаи серу пур ба воя расида, ниёз ба ин чизҳо надорад ва метавонад ҳалол кор кунад.

Рустами Эмомалӣ бо тафтиши довталабонаи фаъолияти яксолааш ҳамин имиҷро, ки ҳалол кор мекунад ва тарсе аз ягон тафтиш надорад, дар зеҳни мардум тақвият хоҳад дод.

Рустами Эмомалӣ, ки рӯзи 19 декабр ба синни 30 расид, як сол пеш – 12 январи соли 2017 Муҳаммадсаид Убайдуллоевро дар мақоми раиси шаҳри Душанбе иваз кард. Дар маҳфилҳо ӯро як вориси эҳтимолии курсии падараш мешуморанд ва мегӯянд, ҳадаф аз таъйини Рустами Эмомалӣ ба вазифаҳои раҳбарӣ дар идораҳои мухталиф ( Хадамоти гумрук – Агентии мубориза бо коррупсия – шаҳрдории Душанбе) озмоиш ва сайқал додани маҳорати роҳбарии ӯ ва омода карданаш ба мақоми раисиҷумҳури ояндаи Тоҷикистон аст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон