ЛАВРОВ: АМРИКО ДАР ФИКРИ СОХТАНИ ОСИЁИ МАРКАЗИИ БУЗУРГ АСТ

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров Амрикоро ҳушдор дод, ки аз ҳамкориҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби гуруҳи "C5+1" набояд сӯиистифода кунад. Лавров Вошингтонро ба ташвиқи тарҳи Осиёи Марказии Бузург айбдор карда, онро мухолифи тарҳи стратегии Маскав бо номи АвроОсиёи бузург номид.

 

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 15 январ дар нишасти хабариаш бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои дипломатияи рус дар соли 2017 гуфт, Вошингтон набояд аз ҳамкориаш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби гуруҳи "C5+1", ки Амрико ва 5 кишвари ин минтақаи пасошӯравӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад, сӯиистифода намояд.

Лавров гуфт: "Мо ба инки ҳамсояҳои мо дар Осиёи Марказӣ шумори ҳадалимкон васеи шарикони хориҷиро дошта бошанд, ягон эрод надорем. Мо ба ин такя мекунем, ки ин муносибатҳо бо арҷу эҳтироми тамоми тааҳҳудоте, ки байни мо вуҷуд доранд, амалӣ мешаванд. Вале ба мо дар бораи азми Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати сӯиистифода аз ин чорчӯб ва ташвиқи ақидаҳое, ки ҳанӯз дар замони маъмуриятҳои қаблӣ тарҳи Осиёи Марказии Бузург ном бурда мешуд, хабарҳо мерасанд.”

Сергей Лавров гуфт, тарҳи Осиёи Марказии Бузург роҳандозии барномаҳои Амрико ва Ғарб бо ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба самти ҷанубиро бидуни ширкати Русия дар назар дорад.

Раҳбари идораи дипломатии Русия гуфт: "Мутмаинам, ки агар чунин фикрҳо аз ҷониби ҳамкорони амрикоии мо дар мулоқотҳо бо дӯстони мо аз Осиёи Марказӣ матраҳ шаванд, ҳама ноқисии чунин кӯшишҳоро, ки заминаашон на манфиатҳои рушди иқтисодӣ, балки геополитика аст, хоҳанд дид.”

Лавров тарҳи АвроОсиёи Бузургро, ки Маскав пеш мебарад, як алтернатива ба тарҳи Осиёи Марказии Бузург номид ва гуфт, ба фарқ аз тарҳи Амрико тарҳи Маскав пешрафти пайдарпай ва шаффофи равандҳои интегратсиониро дар назар дошта, "дар ниҳоят имкон медиҳанд, ки тамоми қитъаи АвроОсиё бо ҳам муттаҳид гашта, онро барои ҳамроҳ шудани шарикони дигар боз гардонад.”

Сергей Лавров дар нишасти хабариаш аз Ӯзбекистон ситоиш кард, ки баъди ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар масъалаи ҳамоиш бо Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ азми бештареро ба намоиш мегузорад.

Гурӯҳи "C5+1"ҳамчун чорчӯби нави ҳамкориҳои Вошингтон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 2015 дар нахустин иҷлоси муштараки вазирони хориҷаи Амрико ва 5 кишвари ин минтақа дар ҳошияи анҷумани СММ дар Ню-Йорк таъсис ёфт. Нахустин нишасти расмии C5+1 моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанди Узбекистон доир шуд. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри дар он рӯзҳо аз ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ боздид кард.

Баъдан вазирони хориҷаи Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби гурӯҳи C5+1 моҳи августи соли 2016 дар Вошингтон ва моҳи декабри ҳамон сол дар Ҳамбурги Олмон дидор доштанд.

Ахиран Элис Уэллс, муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ гуфт, нишасти навбатии "C5+1" ба наздикӣ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад.

"C5+1" як чорчӯби нави муколама ва майдони талошҳои муштарак барои расидагӣ ба чолишҳои умумиест, ки Амрико ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ рӯбарӯ шудаанд. Ин гурӯҳ ҳоло асосан рӯи ҳамкориҳо дар 5 самти асосӣ – мубориза бо терроризм, беҳбуди рақобати тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди коридорҳои нақлиётӣ, тавлиди нирӯ барои оянда ва пуштибонӣ аз барномаҳои миллии ҳифзи муҳити зист тамаркуз кардааст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон