ХУШХАБАР! БЕГ САБУР АҚИБ НИШАСТ - НҶН БАРҚАРОР ШУД

Нимаи дуюми рӯзи 9 январ аксари ширкатҳои мобилу интернети Тоҷикистон, ба истиснои ширкати "Вавилон” дастрасии муштариёнашон ба рақамҳои НҶН-ро барқарор карданд. Рақамҳои НҶН моҳи декабр бо қарори раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур баста шуда, мавҷи вокунишҳои манфӣ, бахусус дар миёни муҳоҷирони тоҷикро ба бор овард.

Нимаи дуюми рӯзи 9 январ алоқаи НҶН дар Тоҷикистон аз нав барқарор карда шуд. Аксари ширкатҳои мобилу интернет алакай дастрасӣ ба ин навъи арзони алоқаро барои муштариёни худ барқарор кардаанд.

Дилшод, як муҳоҷири тоҷик аз Русия ба сомонаи "Ахбор” гуфт, имрӯз тавонистааст бо рақами НҶН-и ширкати "Телеком Текнолоҷи” ба Тоҷикистон занг бизанад: "Рақами ман се ҳафта боз кор намекард, вале имрӯз аз нав фаъол шуд. Маблағи қаблиам ҳам ҳифз шудааст. Нарх ҳам иваз нашудааст. Ман 4 сол боз муштарии ин ширкатам, нархи як дақиқааш дар даруни шабака 2 дирам, ба дигар операторҳои Тоҷикистон - 5 дирам. Ҳамон нарх истодааст. Алакай ба хона занг задам ва сӯҳбат кардам бо НҶН.”

Бино ба хабарҳо, муштариёни аксари ширкатҳо, аз ҷумла "ТСелл”, "Телеком Текнолоҷи”, "Билайн” алакай имкони тамос бо рақамҳои НҶН-ро пайдо кардаанд. Вале рақамҳои НҶН-и ширкати "Вавилон” ҳанӯз дубора фаъол нашудаанд.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 27 ноябр дар як ҷаласа аз ширкатҳои мобил талаб карда буд, ки "барои амнияти давлат” телефонҳои НҶН-ро бубанданд. Дар ҳамон ҷаласа Бег Сабур ҳамчунин ба ширкатҳои мобил дастур дод, то роҳҳои бастани мессенҷерҳои маъруфе, чун Viber, WhatsApp, Telegram ва IMO-ро низ биомӯзанд.

Хадамоти алоқа дар нимаи аввали моҳи декабр ширкатҳои "Вавилон”, "Истэра”, "Мегафон” ва "Интерком”-ро маҷбур кард, ки рақамҳои дар хориҷ қарордоштаи НҶН-ро банданд. Ин ниҳод рӯзи 18 декабр қароре баровард, ки бар асоси он, 10 ширкат комилан аз иҷозатнома барои телефонҳои НҶН маҳрум карда шуданд.

Ҷонибек Дадоматов, сардори раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқа дар шарҳи сабабҳои баста шудани НҶН боз ҳам далелҳои амниятиро пеш овард ва гуфт: "Бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии истифодаи хизматрасонии алоқаи барқӣ бо мақсади содир шудани ҷиноят, ҷалби шаҳрвандон ба ташкилоти ифротгаро ва дар умум пешгирӣ кардани хизматрасонии алоқа барои истифода шудани ҳамагуна ҷиноятҳо гирифта шудааст.

Ахиран Авазхон Зайниддинов, сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқа дар бораи сабабҳои бастани рақамҳои NGH гуфт, NGH алоқаи пастсифат буд ва ... ба саломатии мардум зарар дошт.

Рӯзи 4 январ истифодаи шабакаи Вайбер барои сӯҳбатҳои телефонӣ низ қатъ шуд, вале рӯзи 6 январ дастрасӣ ба Вайберро дар Тоҷикистон барқарор карданд. Хадамоти алоқа гуфт, Вайбер ин чанд рӯз ба сабаби мушкилоти фаннӣ дастнорас шудааст, вале манобеи "Ахбор” гуфтанд, ки Бег Сабур бо талаби комиссияи давлатӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дар Вайбер як хатти тамос бо сокинон кушода буд, ин мессенҷерро маҷбур барқарор кард.

Тасмими бастани рақамҳои НҶН, ки як василаи умдаи тамоси муҳоҷирони тоҷик бо наздиконашон дар Ватан буд, ба мавҷи вокунишҳои манфӣ, ба хусус дар байни муҳоҷирон рӯбарӯ шуд. Онҳо дар чандин номаи дастаҷамъӣ аз ҳукумат ва президент Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки ба ин қазия дахолат карда, ҷилави Бег Сабур ва идораи ӯро бикашад ва дастрасӣ ба НҶН-ро барқарор кунад.

Ба дунбол, барои баррасии сабабҳои бастани НҶН як комиссияи давлатӣ таъсис ёфт, ки мебоист ҳама паҳлуҳои масъаларо омӯхта, хулосаҳояшро ба ҳукумат гузориш медод.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон