БЕГ САБУР АЗ ВАЗИФА МЕРАВАД?

Ҷанҷолҳои пайдарпай дар атрофи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон раҳбари ин идора Бег Сабурро ба номзади рақами як дар мавсими имсолаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумат табдил додааст. Манобеи мухталиф дар Душанбе мегӯянд, ки масъалаи барканории Бег Сабур дар дасти баррасӣ қарор дорад.

 

Манобеи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи ҷанҷолҳои пайдарпай дар атрофи Хадамоти алоқа ва иқдомҳои баҳсбарангези раҳбари ин идора Бег Сабур, боиси коҳиши башиддати нуфуз ва таъсири ӯ дар долонҳои ҳукумат шудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, масъалаи барканории Бег Сабур аз мақоми сардори Хадамоти алоқа низ дар дасти баррасӣ қарор дорад ва ба эҳтимоли ғолиб, яке аз нахустин нафарҳое, ки дар мавсими имсолаи тағйироти кадрӣ бо курсии худ падруд хоҳанд гуфт, Бег Сабур хоҳад буд.

Дар солҳои охир шояд ҳеҷ мақоми баланди давлати Тоҷикистон ба андозаи Бег Сабур сабаби интиқодҳои тунд ва ҳатто ба хандаву масхара кашидани ҳукумати ин кишвар нашудааст.

Аммо агар булаҷабҳое, чун гӯё аз тири кадом шикорчӣ қатъ шудани алоқа бо Бадахшон ё ба мулоқоти худ даъват кардани молики Фейсбуку Ютуб бо гузашти замон аз ёдҳо рафта бошанд, дар чанд моҳи охир Бег Сабур он қадар иқдомҳои баҳсбарангезе кард, ки ҳатто иқдомҳои булаҷаби қаблии худи ӯро ҳам ба як нӯл зад.

Моҳи апрел бо ташаббуси Хадамоти алоқа як раванди оддии бюрократии сабти сим-кортҳо боиси саргардонии миллионҳо нафар дар саросари Тоҷикистон шуд. Сипас ширкатҳои хурди сим-кортфурӯширо аз ҳаққи фурӯхтани сим-корт маҳрум карданд ва ин ҳаққ истисноаш ба ду ширкати то кунун ноошнои "О-Мобайл” ва "Ошно-Групп” дода шуд, ки тавре баъдан рӯ зад, ба фарзандони худи Бег Сабур – Сиёвуш ва Рамз Зуҳуровҳо тааллуқ доштаанд.

Дар тобистони соли 2017 Бег Сабур ширкатҳои дар саросари дунё машҳури номарасон, аз ҷумла DHL ва Fedex-ро аз бозори Тоҷикистон ронд ва ба мардум "маслиҳат” дод, ки номаву аснодашонро бо "Почтаи тоҷик” бифиристанд. Дар натиҷа, номае, ки ширкатҳои байналмилалӣ дар 3 рӯз ба як кунҷи дигари дунё мерасонданд, ҳоло бо туфайли "Почтаи тоҷик”, ки мисли сангпушт ҳаракат мекунад, дастикам як моҳро сарфи роҳ аз Тоҷикистон ё ба Тоҷикистон мекунанд.

 

БЕГ САБУРӢ ҚУДО АСТ Ё ХУДО? ВАЙРОНКОРИҲОИ "ШОҲИ АЛОҚА”-И ТОҶИКИСТОН

 

 

Як манбаи наздик ба ҳукумат мегӯяд: "Вазифаи идораҳои давлатӣ ҳалли мушкилоти мардум аст, на эҷод кардани мушкилот барои мардум. Мутаассифона, Бег Сабур бештар дарди сар эҷод кард. Иқдомҳои Хадамоти алоқа ба миллионҳо нафар таъсир мерасонанд. Ин идора пеш аз бастани як навъи хидматрасонӣ бояд алтернативаи беҳтар аз онро муҳайё ва пешниҳод кунад ва мардум худаш пешниҳоди онҳоро беҳтар дониста, интихоб мекард. Кори давлат фақат бо бастану бастан ва бо усули "ҳарчӣ бодо, бод!” пеш намеравад. Ин ҳам ба бастани DHL ва Fedex рабт дорад, ҳам ба бастани НҶН ва ҳам ба азми Хадамоти алоқа барои бастани Вайберу ВотсАппу Телеграм.”

Аммо агар Бег Сабур аз моҷарои бастани DHL ва Fedex тавонист барои худаш беосеб берун биояд ва ҳатто нишон бидиҳад, ки гапи ӯ гап аст, бастани НҶН ҳамон қатраи охирине шуд, ки косаи сабри ҳам ҷомиа ва ба дунбол косаи сабри мақомотро нисбат ба "шоҳи алоқа” лабрез кард.

Якбора ва бо як қарори худсаронаву беасос ва он ҳам аз аз як василаи осону арзони тамос бо хонаводаҳояшон маҳрум кардани садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик мавҷи хашму ғазаби муҳоҷиронро ба бор овард. Барои се рӯз (аз 4 то 6 январ) барои зангҳои телефонӣ дастнорас шудани шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон борони нави вокунишҳои манфӣ нисбат ба Бег Сабур ва идораи ӯро ба бор овард.

Ва, албатта, дар ин лобало санги зиёде ба полези ҳукумат ҳам заданд, ки дигар набояд тасмимҳои бехудонаи Бег Сабур ва сӯиистифодаҳои ошкораш аз мақоми қудогӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмонро нодида бигирад. Суоле ҳам матраҳ шуд, ки наход Тоҷикистон дар 26 соли истиқлолаш як кадри касбии соҳаи мухобирот тарбия карда натавонистааст, ки раҳбарии як соҳаи муҳимро ба як муаллими фанни физика, ки он ҳам ғоибона таҳсил кардааст, бовар кунад?

Дар натиҷа, ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии ҷанҷолҳои бархоста дар атрофи Хадамоти алоқа ва раисаш як комиссияи давлатӣ таъсис дод. Манобеи "Ахбор” гуфтанд, дар саволномае, ки додситонии кул аз номи ин комиссия ба ширкатҳои мобил фиристодааст, як бахши саволҳояш марбут ба худи Бег Сабур ва шеваи раҳбарӣ ва бархӯрди ӯ бо ин ширкатҳо буд.

Ин ҳама нишон медиҳад, ки парвози Бег Сабур, ки ӯро дар як муддати кӯтоҳ аз як фурӯшандаи мағоза дар Маскав ба мақоми раҳбари рақами яки соҳаи алоқаи Тоҷикистон расонд, метавонад бо ҳамон суръате, ки оғоз ёфта буд, акнун қатъ шавад. Масъала ин аст, ки агар Бег Сабур дар ҳақиқат биравад, оё ба ҷои ӯ кӣ хоҳад омад? Ягон мутахассиси ҳирфаии ин соҳа ё боз ягон Бег Сабури навбатӣ?

Аммо инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки дар сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон омили равобити шахсӣ ҳамеша нақши умда бозӣ мекунанд. Бахусус равобити хешутаборӣ бо роҳбари аввал. Ва Бег Сабур, қарори маълум, қудои президент аст...

 

ТАРҶУМАИ ҲОЛИ БЕГ САБУР

 

Бег Сабур (Бег Сабурович Зуҳуров) 10 октябри соли 1962 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Бег Сабур соли 1998 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Маскавро ғоибона бо ихтисоси муаллими физика хатм кардааст. Ӯ дар солҳои 90 дар Маскав кору зиндагӣ мекард ва раҳбари ширкати "Восеъ” буд. Ин ширкат дар ҷанубуғарби пойтахти Русия дар атрофи истгоҳи метрои "Университетская” ду мағозаи хурди хӯрокворӣ дошт.

Бег Сабур соли 2002 дар Маскав рисолаи номзадиаш дар мавзӯи "Методика применения компьютера как одного из средств обучения физике в средних школах Республики Таджикистан”-ро ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади илмҳои физика шуд ва баъди ин ба Тоҷикистон баргашта, ду соли аввал (2002-2004) дар Раёсати хидмати давлатӣ кор кард. Дар соли 2005 Бег Сабур ба таври ғайриинтизор якбора ба мансаби баланди муовини вазири алока таъйин шуда, соли 2006 алакай муовини аввали вазири алоқа ва солҳои 2007-2011 муовини аввали вазири нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон буд. Дар соли 2011 дар пайи мустақил шудани Хадамоти алоқа аз вазорати нақлиёт Бег Сабур раҳбари ин Хадамот таъйин шуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон