расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгор ва 23-дона масолеҳи сохтмонӣ “кафел”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19 ва 25-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.