расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷаримаи ронандагони нақлиёти мусофиркаши Хуҷанд барои надоштани ниқоб

. / Ҷомеа

Ҷаримаи ронандагони нақлиёти мусофиркаши Хуҷанд барои надоштани ниқоб

Агар мусофирон низ ниқоби муҳофизатӣ надошта бошанд, ронанда ҷарима мешавад.

Сурат: Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хучанд
Маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд 15 ронандаро барои  риоя накардани меъёрҳои пешгирӣ аз бемории COVID-19 ҷарима кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” директори Маркази санитарию-эпидемиологи шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова хабар дод, аксари ҷаримашудагон ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ буда, ҳар яке ба маблағи 116 ва дар умум 1740 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Сурат: Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд
 “Ронандагонро барои он ҷарима бастанд, ки онҳо  ниқоби муҳофизатӣ надоштанд дар нақлиёт аз меъёр зиёд мусофир гирифтанд ва ё дар дохили нақлиёт мусофиронашон ниқоби муҳофизатӣ надоштанд, -  мегӯяд директори Марказ. - Ҳамаи ӯҳдадорӣ ба зиммаи ронанда буда дар сурате, ки мусофиронашон ниқоби муҳофизатӣ надоранд, на мусофир, балки худи ронанда ҷарима мешавад”.   

Қаблан дар моҳи сентябр идораи беҳдоштӣ дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба беш аз 100 нафар, ки меъёрҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагири коронавирусро риоя накарданд, санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода онҳоро зиёда аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд.
Аз ҷумла, масъулини 6 тӯйхонаву тарабхонаҳо дар Хуҷанд ҳар кадоме ба андозаи 1160 сомонӣ ҷарима шуданд, ки аз меъёр зиёд одамонро ба маъракаҳо роҳ додаанд ва ё қоидаҳои беҳдоштиро риоя накардаанд.
Онҳо асосан барр асоси моддаи 113 (Риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.