ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: КӢ БА КУҶО РАФТ?

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, аксари он мансабдорони баландпояи вазорати дохила, ки рӯзи 12 декабр аз мақомҳояшон барканор шуданд, ба мақоми нави баланд таъйин шудаанд. Аз ҷумла Шариф Назарзода бо тарки мақоми сардори милисаи вилояти Суғд роҳбари раёсати корҳои дохилии пойтахт ва Фарҳод Қунғуротзода сардори милисаи нақлиёт таъйин шудаанд.

 

Хабаргузории "Азия Плюс” аз қавли манбааш дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки генерал Шарифзода, ки то рӯзи 12 декабр сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд буд, акнун ба мақоми сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Фарҳод Қунғуротзода, сардори ҳамакнун собиқи милисаи пойтахт ба мақоми сардори милисаи нақлиёт рафтааст.

Ба ҷои Шариф Назарзода ба мақоми сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Қудратулло Мунавваровро таъйин кардаанд. Мунавваров то кунун дар дастгоҳи марказии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард.

Ҳамин тавр, Мансур Бухоризода, сардори қаблии раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир (УБНОН)-и вазорти корҳои дохилӣ ба мақоми сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ва Сафиулло Азизуллозода (Девонаев), ки то кунун раҳбарии УБОП – Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаро дар вазорати дохила бар дӯш дошт, сардори раёсати минтақавии ин вазорат дар водии Рашт таъйин шудаанд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат, рӯзи 12 декабр Хисрав Бобозода "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз мақоми фармондеҳи қушӯнҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ озод карда шуда, ба ҷои вай ба ин мақом Сӯҳроб Рауфов таъйин карда шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи 12 декабр сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Истқлол (собиқ Табошар), ноҳияҳои Рашт, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҳамадонӣ, Хуросон, Ёвон, Бобоҷон Ғафуров, Нуробод, Файзобод, сардорони чанд раёсати вазорати дохила иваз карда шуданд.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, ки ба ҳамаи ин мақомҳо "кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба ва содиқу поквиҷдон” таъйин шудаанд.

Рӯзи 12 декабр бо фармони раисиҷумҳур ҳамчунин 18 судя табдили мақом карданд. Манобеи "Ахбор” мегӯянд, аксари онҳо низ ба вазифаҳои наву баландтар таъйин шудаанд.

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Додихудозода Давлатмо Бахтибек раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад,
Меҳмон Аловиддин Бозгул раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад,
Бобизода Зафар Бобоназар раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад,
Зуҳурзода Далер Шукурҷон раиси суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад,
Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон озод карда шавад,
Муминзода Зоҳир Тоҳирӣ раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад,
Мирзоҳомидзода Диловар раиси суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд озод карда шавад,
Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод карда шавад,
Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад,
Расулзода Нуриддин Ғафор раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад,
Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат раиси суди ноҳияи Нуробод таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод карда шавад,
Баротзода Ҳусейн Наҷот раиси суди ноҳияи Рашт таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Сангвор озод карда шавад,
Салимзода Муҳаммад Давлатбек раиси суди ноҳияи Сангвор таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод карда шавад.
Абдуллозода Фарҳод Нусратулло судяи суди иқтисодии вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод карда шавад,
Абдуллозода Зебонисо Файзулло раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин карда шавад,
Қурбоншозода Нозигул Мастоншо судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад,
Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шавад,
Саидзода Зулфия Саид судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад,
Одиназода Ҷонфидо Халил судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод карда шавад.
2. Ширинҷон Изатулло Назруло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Сангвор озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 декабри соли 2017
№967

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон