НИГАРОНИҲО АЗ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ ЗАЙД САИДОВ ДАР ЗИНДОН

Наздикони Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон мегӯянд, аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон хеле нигаронанд. Зайд Саидов, ки 29 сол ҳукми зиндонашро дар маҳбаси Роҳатӣ, маъруф ба зиндони "Кирпичний” адо мекунад, бо вуҷуди он ки маъюби модарзодӣ аст, ба рӯйхати "маҳбусони моил ба фирор” шомил карда, таҳти фишори вижаи зиндонбонҳо қарор додаанд.

 

Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ рӯзи 5 декабр ба сомонаи "Ахбор” гуфт, хабарҳо дар бораи вазъи саломатии падараш дар маҳбас ба онҳо ҳам расидааст ва аҳли хонавода аз вазъи саломатии ӯ хеле нигарон ҳастанд.

Хайрулло Саидов мегӯяд: "Ин хабарҳо то ҷое воқеият доранд. Мо ҳар ҳафта халта-халта барояш доруи сармохӯрдагӣ мебарем. Ҳамчунин маҳбусҳое, ки аз зиндони "Кирпичний” озод мешаванд, дар бораи вазъи падарамон қиссаҳои ташвишоваре мекунанд. Вақте ба аёдаташ меравем, албатта, падарамон шояд барои ягон мулоҳизоте аз вазъаш шикояте намекунад, вале аз ваҷоҳаташ маълум аст, ки мариз аст ва дар маҳбас сахт азоб мекашад.”

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, мақомоти зиндони "Кирпичний” Зайд Саидовро бо вуҷуди онки маъюб аст, ба рӯйхати маҳбусони моил ба фирор (склонный к побегу) шомил кардаанд. Чунин маҳбусон бояд ҳар рӯз дар ҳар ду соат як дафъа сарфи назар аз вазъи обу ҳаво худро сабти ном кунанд. Агар дар тобистон ин сабти номи маҳбусони моил ба фирор дар зери ҳавои тасфон сурат бигирад, дар фасли сармо маҳбусон маҷбуранд дар зери боду борон ва дар ҳавои сард мунтазири навбати худ бинишинанд, ки зиндонбонҳо кай онҳоро сабти ном мекунанд.

Ба гуфтаи маҳбусони собиқи зиндони Роҳатӣ, ин сабти ном (перекличка) аз рӯи алифбо сурат мегирад ва азбаски номи хонаводагии Зайд Саидов бо ҳарфи "С” оғоз мешавад, ӯ тақрибан дар охирҳои рӯйхати маҳбусони моил ба фирор аст ва ҳар дафъа маҷбур аст, то садо додани номаш мунтазир бимонад.

Нашрияи "Паём” дар ҳамин ҳол, бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки Зайд Саидовро дар ҳуҷраи хоби маҳбас низ амдан дар назди дар, дар як ҷои шамолгузар ҷой кардаанд ва аз ин вазъи ӯ, ки маъюби модарзодӣ аст, боз ҳам бадтар шудааст.

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба дунё омада, риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Зайд Саидов соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, солҳои 2002-2006 дар мақоми вазири саноати кишвар кор кард. Баъди рафтан аз мақом Зайд Саидов ба тиҷорат баргашт ва яке аз нафарони пештоз дар бозори сохтмони пойтахти Тоҷикистон шуд. Чандин иншооти бузург дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла бинои мактаби рақами 8, Маркази тиҷоратии "Соҳибкорон”, Маркази тиҷоратии "Пойтахт” дар канори варзишгоҳи "Спартак” ва "Душанбе-Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистонро ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов сохтаанд.

Зайд Саидов, ки ҳоло 59 сол дорад, моҳи майи соли 2013 баъди эълони азмаш барои сохтани ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав боздошт ва бо иттиҳомоти иқтисодӣ ва таҷовуз ба номус дар ду мурофиаи додгоҳӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Зайд Саидов ин иттиҳомотро беасос номида, рад мекунад.

То кунун бисёриҳо дар Тоҷикистон мутмаинанд, ки Зайд Саидовро беасос ва бо тӯҳмат зиндонӣ кардаанд. Дар баҳори соли ҷорӣ боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудани тақрибан ҳамаи аъзои бригадаи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов аз Агентии мубориза бо коррупсия, бо шумули раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ Фирӯз Холмуродзода шакку шубҳаҳо дар бораи гунаҳкории ин соҳибкори шинохтаро боз ҳам бештар кард. Дар пайи маҳкум ба зиндон шудани муфаттишони парвандааш бисёриҳо умедвор буданд, ки парвандаи Зайд Саидов низ бозбинӣ хоҳад шуд, вале чунин нашуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон