Дабирони шуроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар Маскав дидор карданд

Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев масоили ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва созмонҳои вижаи ду кишварро баррасӣ карданд

 

Манбаъ аз – Sputnik. Дабири Шурои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо ҳамтои русияш Николай Патрушев дар Маскав дидору гуфтугӯ кард.

 

Дар ин дидор дабирони шуроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия чанд санад ба манзури густариши ҳамкориҳои амниятӣ имзо кардаанд.

 

Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев масоили ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва созмонҳои вижаи ду кишварро баррасӣ карданд.

Тарафҳо густариши ақидаҳои тундравонаи диниро таҳдиди аслӣ бар амнияту субот дар Осиёи Марказӣ донистанд.

 

Ин дидор дар ҳошияи панҷумин нишасти солонаи дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав баргузор шуд.

 

Ёдоварӣ мекунем, ки дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев чанде пеш аз Тоҷикистон боздид карда буд. Вай дар ин сафар бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидор карда ва ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили амниятиро баррасӣ намуда буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон