Ш. Зуҳуров: «Байни Тоҷикистону Туркманистон имконоти истифоданашуда ҳанӯз зиёданд»

Ш. Зуҳуров: «Байни Тоҷикистону Туркманистон имконоти истифоданашуда ҳанӯз зиёданд»

 

Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, инчунин равобити байнипарлумонӣ дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов  3 ноябр дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

 

Шукурҷон Зуҳуров сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯйдоди муҳим дар марҳилаи нави муносиботи ду кишвар арзёбӣ намуда, зикр кард, ки он барои рушди минбаъдаи ҳамкории самарабахш ва тақвияти дӯстии байни мардумони кишварҳоямон мусоидат менамояд.  Таъкид шуд, ки муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон  дар наздик будани мавқеи ду тараф вобаста ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҷонибдории ташаббусҳои  созандаи ҳар ду кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ инъикос меёбад.

 

«Дар робитаҳои сиёсии мо ҳамкорӣ хуб ҷараён дорад ва мо барои дар оянда дар заминаи боз ба ҳам муттаҳид шудан ягон монеае намебинем»,- таъкид кард Ш. Зуҳуров. Зикр шуд, ки ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ хуб ҷараён дошта, ҳар ду кишвар омодаанд дар заминаи пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти мубрами замони муосир муштаракан  талош намоянд. Ҳамзамон мусоҳибон масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика, коммуникатсия, кишоварзӣ ва илму фарҳангро баррасӣ намуда,  зикр карданд, ки дар ин самт ҳанӯз имконоти истифоданашуда  зиёданд.

 

 

Таъкид гардид, ки  Туркманистон дар чорроҳаи муҳими стратегии хатсайри нақлиётии ҷаҳонӣ қарор дорад. Дар ин росто амалӣ шудани лоиҳаи минтақавии сохтмони роҳи оҳани «Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон» барои кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон хеле муҳим аст. Инчунин татбиқи лоиҳаи иловагии сохтмони роҳи оҳани хатсайри наздиктари «Бешкент-Калдор-Исломпанҷа-Келиф» бо дарозии 160 километр  имкони бештари  ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулотро ба ҷануби минтақа фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки дар ин самт вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишварро мебояд барои коркард ва амалишавии лоиҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо дахли равобити байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон раиси Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки «намояндагони Парлумони Тоҷикистон ба густариши ҳамаҷонибаи муносибот бо Парлумони  Туркманистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ба мо зарур аст, ки ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямонро тақвият бахшида, ба сатҳи сифатан нав барорем. Мо ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ аз Парлумони  Туркманистон барои амалӣ шудани ин мақсад саъй хоҳем кард»,- гуфт Ш.Зуҳуров.

 

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро натиҷа ва самараи талошҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Парлумони ин кишвар арзёбӣ кард. Дар мулоқот мусоҳибон ҳамзамон авзои минтақаро баррасӣ намуда, аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон зарурати густариши ҳарчи бештари равобити судманди  Тоҷикистону Туркманистон таъкид гардид.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон