Тоҷикистон ҳавасманди тақвияти бештари ҳамкорӣ бо фондҳои сармоягузории араб, аз ҷумла Фонди саудии рушд аст


11 сентябри соли равон  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо ҳайати намояндагони гурӯҳи фондҳои араб – Фонди саудии рушд, Фонди ОПЕК  оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб мулоқот анҷом дод.


Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд,   Усмоналӣ Усмонзода зимни мулоқот барои дар сатҳи хуб қарор доштани ҳамкории фондҳои кувайтии рушди иқтисоди араб ва ОПЕК бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла бо сармоягузории ин фондҳо татбиқ гардидани якчанд лоиҳаҳо дар самти таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва бунёди хатҳои интиқоли барқ ва дар маҷмӯъ, барои мусоидат дар рушди соҳаи энергетика ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.


Дар мулоқот ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо фондҳои сармоягузории араб, аз ҷумла бо Фонди саудии рушд баҳри татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаи энергетика иброз гардид.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон