Эмомалӣ Раҳмон: «Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард»


“Ман хурсандам, ки сол аз сол теъдоди зиёдтари донишҷӯёни тоҷик ба Чин барои омӯхтани забони Конфутсий ва забони Дэн Сяопин омада, дар беҳтарин донишкадаву донишгоҳҳои олии Чин таҳсил доранд, илму маърифат ва касбҳои муосирро аз худ менамоянд”, —   изҳор намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин.


«Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард. Зеро умеду ормонҳои мо аз шумо — насли наврасу соҳибмаърифат, хеле калон аст»,- баён доштанд Сарвари давлат ва  зимнан дар ин бобат як зарбулмасали чиниро ёдрас намдуданд: «Аз хоб дер хестӣ, рӯзатро бохтӣ, дар ҷавонӣ илму дониш аз бар накардӣ, ҳаётатро бохтӣ».


Ҳамчунин Пешвои миллат ба ҷавонон муроҷиат намуданд, ки бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои барояшон фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаашонро аз худ намоянд. Дар такя ба андӯхтаҳои маънавию ахлоқии ниёгони бузургамон, ки дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ чун офарандагони сарватҳои бузурги моддиву маънавӣ эътироф шудаанд, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд, забон ва фарҳангу маданияти волои мардуми Чинро барои истифода дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъда амиқ омӯзанд.

«Мо умедворем, ки шумо ба Ватан бо донишу малакаи баланди касбӣ баргашта, ба манфиати ҷомеа хизмати самараноку арзанда хоҳед кард. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо — ҷавонон, мутахассисони соҳибилму дорои малакаи баланди касбӣ аст», — афзуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон