расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ба маликаи Британия китоби адибаи тоҷик туҳфа шуд

. / Ҷомеа

Ба маликаи Британия китоби адибаи тоҷик туҳфа шуд

Малика бо арзи сипос китоби “Афсонаҳои бибии Гулсифат”-ро пазируфт.

Гулсифат Шаҳидӣ
Сурат: facebook.com
Адибаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ба унвони маликаи Британияи Кабир Елизавета II ба муносибати ҷашни Мавлуди Исо паёми табрикӣ навишт. Ҳамроҳ бо паём ба малика ва абераҳои ӯ китоби «Сказки бабушки Гульсифат» (Афсонаҳои бибии Гулсифат) туҳфа фиристода шуд.

Пас аз 9 рӯзи ирсоли паём ва туҳфа аз номи яке аз муқаррабони малика (фрейлина) Сюзан Хасси посух мерасад, ки малика паёму туҳфаро бо миннатдорӣ қабул карда, ба адиба арзи сипос кардааст.
Қобили зикр аст, ки маҷмӯаи ҳикояҳои “Сказки бабушки Гульсифат” (Афсонаҳои бибии Гулсифат)-и нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар номинатсияи “Муаллифи беҳтарин”-и Ҷоизаи Hertfordshire Press-2018 дар Лондон ғолиб дониста шуд.
Ин китоби чоруми Гулсифат Шаҳидӣ мебошад, ки дар Лондон ба нашр расид. Соли 2018 нависанда дар бахши “Тарҷумаи беҳтарин” дар Open Eurasian Literature Festival and Book Forum дар Тайиланд ҷоиза ба даст оварда буд.
Маҷмӯаи ҳикояҳои "Сказки бабушки Гульсифат"
Баъдан китоби «Дилу дидаам ба сӯи Шарқ» дар Кембриҷу Стокголм, китоби «Ҳамсояҳои нозанини ман» дар Лондону Москва, китоби афсонаҳояш дар Таиланд соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардиданд.
Гулсифат Ғаффоровна Шаҳидӣ 1 январи соли 1955 дар оилаи иқтисодчиён Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо таваллуд шудааст. Дар шаҳрҳои Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.