Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дидор карданд

 Дар толори Маҷмааи «Ориён»-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков, президентҳои Тоҷикистон ва  Қирғизистон баргузор шуд.

Ҳамчунин,  музокироти васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфтанд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштанд.

Дар ин иртибот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Мулоқоти доиргардида аҳамияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.

Анҷом додани корҳо ҷиҳати аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба тамоми маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Ин дидори президентҳои ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле анҷом шуд, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Бар асари задухӯрд ва тирандозӣ Ҷалолиддин Қароеви 52-сола, сокини Ворух кушта шуда ва аз ҳар ду ҷониб ҳудуди 20 нафар ҷароҳат бардоштанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон