Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни "Амонатбонк" ва ширкати қазоқии

 

Ширкати “KazakhExport”-и Қазоқистон эълон намудааст, ки омодааст соҳибкорони Тоҷикистонро, ки аз Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамояд тариқи миёнаравии “Амонатбонк” дастгирӣ намоянд

 Ахиран Сирроҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" бо ҳайати расмии ширкати содиротию суғуртавии “KazakhExport”-и Қазоқистон, таҳти роҳбарии  Калигазин Аслан, муовини раиси ин ширкат дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонки давлатии амонатгузорӣ.

анбаъ таъкид доштааст ҳайати ширкати қазоқӣ, ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ин кишвар ба Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда буд.

Дар рафти мулоқот намояндаи расмии ширкати содиротию суғуртавии “KazakhExport” қайд намудааст, ки ширкати мазкур омодааст соҳибкорони Тоҷикистонро, ки аз Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамояд тариқи миёнаравии “Амонатбонк” дастгирӣ намуда, то ба манзил расидани молу маҳсулотҳо суғуртаи маблағи онҳоро таъмин намояд.

Дар навбати худ, раиси “Амонатбонк” Сирроҷиддин Икромӣ зикр намудааст, ки ҳукумати Тоҷикиистон ҳамеша омодааст соҳибкорони ватаниро дар самти рушди соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ намояд.

Пас аз мулоқоти дуҷониба раиси “Амонатбонк” ва Муовини раиси ширкати содиротию суғуртавии “KazakhExport” Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расониданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон