Э.Раҳмон: "Саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ночиз аст"

Э.Раҳмон: "Саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ночиз аст"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон гуфт, ки кишвараш давлатҳои арабиро бо сохти давлатдориашон қабул кардааст ва ин кишварҳо низ бояд бе ягон суол сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистонро қабул карда ва ба фарҳангу мардуми он эҳтиром гузоранд.

 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар оғози Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон, ки дар "Кохи Сомон"-и Душанбе баргузор шуд, аз ҷумла гуфт, "мо кишварҳои арабиро расман шинохтем, эътироф кардем бо ҳама шаклу шукуҳ, бо ҳама сохтори давлатие, ки ҳастанд. Кадом кишваре, ки набошад, ба шаклу сохтори он ягон суоле надорем. Бояд кишварҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро низ, ки кишвари мо демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, аст бо тамоми сохтору шаклу сохтори давлатӣ фарҳанг ва мардумаш эътироф намоянд. Ва ҳамкориҳои беғаразона дошта бошем."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ аз сатҳи муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ қаноатмандӣ кард, аммо ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ ва сармоягузориро нокифоя хонд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамагӣ 1,5 дарсадро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба дигар кишварҳо, ночиз аст.

 

Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, субҳи имрӯз душанбеи 16-уми октябр дар толори "Кохи Сомон"-и шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар Форум дабири кулли Ҷомеаи кишварҳои арабӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисоди кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат дорад. Қарор аст дар ин нишаст ҳамчунин Маҳмуд Алӣ Юсуф, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ ва ҳамзамон раиси Шӯрои вазирони Ҷомеаи кишварҳоии арабӣ ва Аҳмад Абдулғайс, дабири кулли ин ниҳод, суханронӣ намоянд.

Баргузории дуввумин иҷлоси Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар Душанбе нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон сурат гирифт ва дар он пешнависи санади поёнии Форум ва масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байни минтақавӣ баррасӣ шуд. Форуми Душанбе як рӯз идома мекунад ва қарор аст дар поёни он нишасти матбуотӣ барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ доир шавад.

Коршиносон дар робита ба Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон мегӯянд, ки баргузории чунин анҷуманҳои муҳташам, ки зоҳиран аз таваҷҷуҳу рағбати кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва давлатҳои арабӣ ба ҳамкории бештар дарак медиҳанд, бидуни шубҳа, фурсати бештаре барои рушди муносибатҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат эҷод хоҳад кард. Ба гуфтаи Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳои халиҷӣ ба Осиёи Миёна бо назардошти манфиатҳои миллии давлатҳои ин минтақа, бештар ба нафъи кишварҳои ниёзманд ба сармоягузорӣ, хоҳад буд.

 

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, "дар ҳоле, ки тирагӣ дар равобити бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, бо Қатар ҳамоно бетағйир мондааст, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ талош мекунанд, ки тавозун дар муносибат бо тамоми кишварҳои арабиро нигоҳ доранд. Ба назар мерасад, ки тамоми кишварҳои ширкаткунанда дар ҳамоиш ба густариши ҳамкориҳо моиланд ва хеле хоҳишу рағбат ҳам доранд."

Зоҳири Давлат мегӯянд, ки ончунон, ки пайдост, ҳаҷми тиҷорат ва ҷараёни сармоягузорӣ байни ин ду минтақа: кишварҳои мусулмонии собиқ шӯравӣ ва ҷаҳони араб, дар сатҳи ормону хостаҳои ин кишварҳо нест. "Рушди ҳамкории тиҷорӣ, сайёҳӣ ва сармоягузории муштаракро мақомоти кишварҳо таҳлилу сиёсатгузорӣ мекунанд ва албатта, дар сиёсати хориҷӣ бо тақозои равандҳои куллии сиёсӣ манфиатҳои милливу суботу амнияти кишвар ба назар гирифта мешавад",-афзуд Зоҳири Давлат.

 

манбаъ "Озоди"

 

назари худро нависед
Done with GSA Content Generator Demoversion!

Visit site: http://v.ht/yKLc

http://v.ht/pj1I
http://v.ht/xDab
http://v.ht/fUL0
http://v.ht/RmvB
http://v.ht/CDcy
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон