Пешвои миллат: «Заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дарди бедаво табдил ёфтааст»

Пешвои миллат: «Заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дарди бедаво табдил ёфтааст»

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз тамоюли афзоиши ҷинояткорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ изҳори нигаронӣ намуда, имрӯз зимни суханронӣ дар  маросими ифтитоҳи   бинои  навбунёди  муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии рақами 59 дар деҳаи  Гулбуттаи деҳоти Чимтеппаи  ноҳияи Рӯдакӣ  зикр карданд, ки  «тибқи таҳлилҳо ва маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъи риояи қонунҳо дар ноҳия ташвишовар мебошад ва шумораи ҷинояткорӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад».

 

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид карданд, ки  «агар соли 2016 нисбат ба соли 2015  11 фоиз зиёдтар ҷиноят содир шуда бошад, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 содиршавии ҷиноятҳо қариб 17 фоиз афзудааст.  Аз ҳама ташвишовар ин аст, ки содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин торафт зиёд шуда истодааст. Аз соли 2015 то ба ҳол 15 ҷинояти одамкушӣ, 10 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва 14 ҷинояти роҳзанӣ содир шудааст. Афзоиши ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо тайи чор соли охир нисбат ба 168 нафар сокинони ноҳия барои ҷалб ва шомилшавӣ ба ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ ва ҳаракатҳои экстремистӣ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудаанд. То ҳол 36 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд».

Ҳамзамон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки бо мақсади хотима бахшидан ба бенизомӣ дар истифодаи замин дар ноҳия ситоди Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ фаъолият менамояд. «Вале то ба имрӯз бетартибӣ дар ин самт идома дорад. Ба ибораи дигар, заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст, — зикр намуданд Сарвари давлат.-  Бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъйиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд.  Дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдаанд, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд. Ба ҳамин тариқ, дар зарфи 20 соли охир қариб дуюним ҳазор гектар заминҳои таъйиноти кишоварзӣ аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд».

 

Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки «дар давоми соли 2016 ва нуҳ моҳи соли равон аз тарафи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 103 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор гардида, ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. 

 

Умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.  Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда соли 2016 қариб 3 гектар ва соли 2015 қариб 32 гектар замин фурӯхта шудааст. Худи ҳамин сол низ фурӯхтани дуюним гектар замин ошкор гардид.  Чунин вазъ тақозо менамояд, ки роҳбарони ноҳия ва ҷамоатҳои он, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корро дар самти пешгирӣ кардани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд».

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон