Дар Тоҷикистон шаҳре бидуни коронавирус пайдо шуд - куҷост?

Дар Тоҷикистон шаҳре бидуни коронавирус пайдо шуд - куҷост?

 Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки дар кишвар шаҳре мондааст, ки ба он коронавирус нарасидааст. Ҳамчунин, масъулин тавзеҳ додаанд, ки чигуна коронавирус ба ин минтақа осеб расонида натавонистааст
Дар шаҳри Истиқлоли Тоҷикистон ягон ҳолати сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора расонаи маҳаллии "Ҳақиқати Суғд" дар истинод ба раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода хабар медиҳад.

Раиси шаҳр сабаби онро тавзеҳ додаст, ки чаро дар Истиқлол нафаре ба ин беморӣ гирифтор нашуд. Ба гуфтаи вай, ҷойгиршавии ҷуғрофии минтақа ва чораҷӯиҳои санҷидашуда боиси пешгирӣ аз коронавирус гаштанд.

"Барои ворид шудан ба шаҳр танҳо як роҳ аст. Дар он пости шаҳрӣ фаъолият мебарад. Пеш аз вуруд шудан, шаҳрвандон дастонашонро бо маҳлули антисептикӣ тоза мекунанд ва ҳарорати онҳо саниҷида мешавад", - таъкид кардааст Амонзода.

Вай афзудааст, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар шаҳр чораҷӯиҳои пешгирикунанда пурзӯр карда шудаанд.

Беморхонаи шаҳрӣ барои 20 бемор муҷаҳҳаз гардонида шуда, таҷҳизоти махсус, 450 даста либоси махсус, доруворӣ ва таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ омода карда шудаанд.

 



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200730/1031657618/Dar-Toikiston-share-biduni-koronavirus-paydo-shud---kuost.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон